https://sputnik.tj/20210929/vakolat-vakilii-davlat-safar-khurshed-fayzullozoda-1042569648.html
Қатъи ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозода: таъйини интихоботи нав
Қатъи ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозода: таъйини интихоботи нав
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозодаро пеш аз муҳлат қатъ кард
2021-09-29T20:26+0500
2021-09-29T20:26+0500
2021-09-29T20:26+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
душанбе
таъйинот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102468/28/1024682808_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_c7b1af30e6d7747447c411e2c5a802ef.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи Душанбе аз ҳавзаи интихоботии рақами 8, Сафарзода Давлат Шариф пеш аз муҳлат қатъ гардид. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, далели қатъи ваколатҳои Сафарзода таъйинаш ба мақоми нав мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қаблан Давлат Сафарзодаро, ки роҳбарии нашриёти "Адиб"-ро ба уҳда дошт, ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин намуда буд. Маҷлиси вакилони халқи Душанбе инчунин ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 58, Файзуллозода Хуршед Мирзоро қатъ кардаанд. Далелаш таъйин ба мақоми муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфта шуд. Хуршед Файзуллозода қаблан роҳбарии муассисаи давлатии "ТВ Варзиш"-ро ба уҳда дошт. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои иваз кардани вакилони номбурда дар ҳавзаҳои интихоботии рақами №8 ва №58 санаи 28 ноябри соли 2021 интихобот баргузор мешавад. Дар ин робита Комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шудааст.
https://sputnik.tj/20210926/zodai-tojikiston-vakil-duma-rusiya-intikhob-1042504845.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102468/28/1024682808_133:0:2800:2000_1920x0_80_0_0_d5e52684b8978be2a0194d26bb46d9d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакилон, халқ, давлат сафар, хуршед файзуллозода, интихобот, таъйинот
вакилон, халқ, давлат сафар, хуршед файзуллозода, интихобот, таъйинот
Қатъи ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозода: таъйини интихоботи нав
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозодаро пеш аз муҳлат қатъ кард
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи Душанбе аз ҳавзаи интихоботии рақами 8, Сафарзода Давлат Шариф пеш аз муҳлат қатъ гардид.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, далели қатъи ваколатҳои Сафарзода таъйинаш ба мақоми нав мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қаблан Давлат Сафарзодаро, ки роҳбарии нашриёти "Адиб"-ро ба уҳда дошт, ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин намуда буд.
Маҷлиси вакилони халқи Душанбе инчунин ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 58, Файзуллозода Хуршед Мирзоро қатъ кардаанд. Далелаш таъйин ба мақоми муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфта шуд.
Хуршед Файзуллозода қаблан роҳбарии муассисаи давлатии "ТВ Варзиш"-ро ба уҳда дошт.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои иваз кардани вакилони номбурда дар ҳавзаҳои интихоботии рақами №8 ва №58 санаи 28 ноябри соли 2021 интихобот баргузор мешавад.
Дар ин робита Комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шудааст.