Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Зодаи Тоҷикистон вакили Думаи Русия интихоб шуд: ӯ кист

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗдание Государственной Думы РФ на улице Охотный ряд в Москве
Здание Государственной Думы РФ на улице Охотный ряд в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Обуна шудан
Раҳим Азимов дубора вакили Думаи давлатӣ дар вилояти Кирови Федератсияи Русия интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов аз ҳизби "Русияи воҳид" дубора дар як ҳавзаи якмандатии вилояти Кирови Федератсияи Русия вакили Думаи давлатӣ интихоб шуд.
Азимов дар ҳавзаи якмандатии худ пирӯзии комил ба даст овард. Номзадии ӯро беш аз 43% интихобкунандагон, ки ба қитъаҳои интихоботӣ омада буданд, ҷонибдорӣ карданд. Раҳим Азимов аллакай ба сокинони вилояти Киров барои дастгирӣ дар интихобот муроҷиат кардааст.
Выборы в Госдуму РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Афзоиши теъдоди раъйдиҳандагон дар интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки интихоботи вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия рӯзҳои 17-19 сентябр баргузор шуд. Интихобот бо пирӯзии ҳизби "Русия воҳид" ба анҷом расид.

Раҳим Азимов кист?

Азимов Раҳим Азизбоевич 16 августи соли 1964 дар деҳаи Шӯроби ноҳияи Исфара дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Азимов доктори илмҳои техникӣ мебошад. Ӯ оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.
Соли 1986 Донишкадаи кӯҳии Ленинградро бо ихтисосо муҳандиси кӯҳӣ хатм карда, соли 2002 - академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, соли 2011 - Донишгоҳи Санкт -Петербурги Вазорати корҳои дохилии Русияро хатм намуда буд.
Аз соли 1991 директори робитаҳои иқтисодии хориҷии клуби ҷумҳуриявии варзишии "Строител" буд.
Аз соли 1994 ду сол дар намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Коми дар Маскав ва як соли дигар ба ҳайси муовини намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди президенти Русия кор кардааст. Дар интихоботи президентии соли 2000 ӯ шахси бовариноки Владимир Путин буд ва аз соли 2002 то 2003 узви Шӯрои Федератсияи Русия буд.
Панҷ сол дар Кумитаи давлатии Федератсияи Русия оид ба назорати гардиши маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ кор кардааст. Вай соли 2016 бо дарёфти 51,22% овозҳо вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия шуд. Дар Дума Раҳим Азимов узви фраксияи ҳизбӣ ва Кумитаи амният ва мубориза бо коррупсия буд.
Лентаи хабарҳо
0