https://sputnik.tj/20210929/raisi-donishgohi-kobul-zanon-khona-bimonand-1042559687.html
Раиси Донишгоҳи Кобул гуфт, занон дар хона бимонанд: Зан модар, хоҳар ва ҳамсар аст
Раиси Донишгоҳи Кобул гуфт, занон дар хона бимонанд: Зан модар, хоҳар ва ҳамсар аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Донишгоҳи Кобул зимни такзиби гузориши “The New York Times” дар бораи маҳрумият занон аз таҳсил гуфт: занон то фароҳам шудани шароит дар хона бимонанд
2021-09-29T15:20+0500
2021-09-29T15:20+0500
2021-09-29T15:43+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
кобул
осиёи марказӣ
донишгоҳ
модар
зан
хоҳар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042559613_83:234:639:546_1920x0_80_0_0_749a94d002e72976c65754a099e7ff21.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Муҳаммад Ашраф Ғайрат, раиси Донишгоҳи Кобул гуфт, ки рӯзномаи “The New York Times” суханони ӯро нодуруст тафсир кардааст ва афзуд, занон то замоне ки шароит фароҳам шавад, бояд дар хона бимонанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Вай инчунин дар твитҳои дигар навишт, ки зан модар аст, зан хоҳар аст, зан ҳамсар аст.“Мо хоҳарони худро эҳтиром мекунем ва уҳдадорем, ки тамоми ҳуқуқи онҳоро дар доираи ислом таъмин кунем”,-гуфт ӯ.Ёдрас менамоем, қаблан рӯзномаи “The New York Times” навишта буд, ки раиси нави Донишгоҳи Кобул маҳдудиятҳо дар нисбати занонро боз ҳам шадидтар карда, гуфтааст, ки занон ба уновони устод ё донишҷӯй аз ҳаққи кору таҳсил дар ин донишгоҳ маҳрум хоҳанд буд.Расонаҳои амрикоӣ иддао доранд, ки "Толибон" ҳангоми ба қудрат расидан ваъда дода буданд, ки бар ҳуқуқи занон эҳтиром хоҳанд кард. Аммо ахиран раҳбарони “Толибон”* як кобинаеро муаррифӣ кард, ки дар он зане ҳам дида намешавад. Ҳамчунин ҳукумати нав ба далели нигарониҳои амниятӣ бозгашти занонро ба кор манъ кард.Ду ҳафта пеш “Толибон”* Муҳаммад Ашраф Ғайрати 34-соларо раиси Донишгоҳи Кобул таъйин кард.“The New York Times” навишта буд, ки ҳафтаи гузашта иттифоқи омӯзгорони Афғонистон ба нишони эътироз ба ин таъйинот ба ҳукумати муваққатии “Толибон”* нома фиристоданд, ки ин қарорашро бекор намояд.Аммо дар мусоҳиба бо рӯзномаи амрикоӣ оқои Ғайрат нигарониҳо дар бораи таъйин шуданашро рад кард ва гуфт: "Ман ҳанӯз оғоз накардаам. Онҳо аз куҷо медонанд, ки ман мувофиқат мекунам ё на? Иҷоза диҳед, замон қазоват кунад".
https://sputnik.tj/20210929/tolibon-amrikoro-naqzi-harimi-havoii-afghoniston-1042557257.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042559613_91:218:640:630_1920x0_80_0_0_21b105cedcfce80cf2455313cf7e56f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, раиси донишгоҳи кобул, занон, хона бимонанд, зан, модар, хоҳар, ҳамсар
афғонистон, раиси донишгоҳи кобул, занон, хона бимонанд, зан, модар, хоҳар, ҳамсар
Раиси Донишгоҳи Кобул гуфт, занон дар хона бимонанд: Зан модар, хоҳар ва ҳамсар аст
15:20 29.09.2021 (Навсозишуда: 15:43 29.09.2021) Раиси Донишгоҳи Кобул зимни такзиби гузориши “The New York Times” дар бораи маҳрумияти занон аз таҳсил гуфт: "Занон то фароҳам шудани шароит дар хона бимонанд"
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Муҳаммад Ашраф Ғайрат, раиси Донишгоҳи Кобул гуфт, ки рӯзномаи “The New York Times” суханони ӯро нодуруст тафсир кардааст ва афзуд, занон то замоне ки шароит фароҳам шавад, бояд дар хона бимонанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"То замоне ки шароити исломӣ дар донишгоҳ ҳукмфармо нест, беҳтар аст, ки занон дар хона бимонанд",-афзуд раиси Донишгоҳи Кобул.
Вай инчунин дар твитҳои дигар навишт, ки зан модар аст, зан хоҳар аст, зан ҳамсар аст.
“Мо хоҳарони худро эҳтиром мекунем ва уҳдадорем, ки тамоми ҳуқуқи онҳоро дар доираи ислом таъмин кунем”,-гуфт ӯ.
Ёдрас менамоем, қаблан рӯзномаи “The New York Times” навишта буд, ки раиси нави Донишгоҳи Кобул маҳдудиятҳо дар нисбати занонро боз ҳам шадидтар карда, гуфтааст, ки занон ба уновони устод ё донишҷӯй аз ҳаққи кору таҳсил дар ин донишгоҳ маҳрум хоҳанд буд.
Расонаҳои амрикоӣ иддао доранд, ки "Толибон" ҳангоми ба қудрат расидан ваъда дода буданд, ки бар ҳуқуқи занон эҳтиром хоҳанд кард. Аммо ахиран раҳбарони “Толибон”* як кобинаеро муаррифӣ кард, ки дар он зане ҳам дида намешавад. Ҳамчунин ҳукумати нав ба далели нигарониҳои амниятӣ бозгашти занонро ба кор манъ кард.
Ду ҳафта пеш “Толибон”* Муҳаммад Ашраф Ғайрати 34-соларо раиси Донишгоҳи Кобул таъйин кард.
“The New York Times” навишта буд, ки ҳафтаи гузашта иттифоқи омӯзгорони Афғонистон ба нишони эътироз ба ин таъйинот ба ҳукумати муваққатии “Толибон”* нома фиристоданд, ки ин қарорашро бекор намояд.
Аммо дар мусоҳиба бо рӯзномаи амрикоӣ оқои Ғайрат нигарониҳо дар бораи таъйин шуданашро рад кард ва гуфт: "Ман ҳанӯз оғоз накардаам. Онҳо аз куҷо медонанд, ки ман мувофиқат мекунам ё на? Иҷоза диҳед, замон қазоват кунад".