Тавсифи модари дарвозӣ аз Эмомалӣ Раҳмон: "Аз миёни президентҳо хушрӯтаринед" - видео

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Сокини 65-солаи Дарвоз аз зебоӣ ва қади баланди президент тавсиф намуда, гуфт, вақте ӯ миёни кишвардорони дигар давлатҳо қадам мезанад, мардуми тоҷик аз доштани чунин роҳбари давлат ифтихор мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Видеои суҳбати як сокини 65-солаи ноҳияи Дарвоз, ки бо лаҳҷаи мардуми ин ноҳия ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон суҳбат мекунад, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва аз ҷониби теъдоди зиёди корбарон писандида шуд.
Ин модар Фотима ном дорад ва дар оғози суҳбаташ роҳбари давлатро хушомадед гуфта, иброз дошт, ки аз дер боз орзуи бо президент акс гирифтану аз наздик мулоқот карданро дошт.
Дар идома ӯ барои ободии Дарвозу тамоми қаламрави Тоҷикистон ба роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ кард. Фотима ҷанг дар Ҷумҳурии Афғонистонро мисол оварда гуфт, то ҳол шаҳрвандони ин кишвар наметавонанд сулҳ ба даст оранд, "аммо роҳбари мо дар муддати кӯтоҳ Ватанро тинҷу ором кард".
Зимнан ӯ афзуд, ки бо чунин президент кулли мардуми Тоҷикистон ифтихор мекунанд.

"Вақте миёни дигар президентҳо Шуморо мебинем, фахр мекунем, ки аз ҳама зебову хушрӯй ва қадбаланд ҳастед",-тавсиф намуд ин сокини Дарвоз аз Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари давлат пас аз ҳар як сухани ин зан табассум мекард ва каф мекӯфт.
Модари дарвозӣ ҳузури кишвардор хоҳишмандии худро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", иброз дошт ва Эмомалӣ Раҳмон ба тобеини худ ишора намуда гуфт, ки "ин модарро ҳатман ба пойтахт биёред".
Президент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” аз ҷониби раисҷумҳур
Дар фарҷоми суҳбат номбурда ба минбар, назди роҳбари давлат рафта, ӯро ба оғӯш кашид.
Ёдовар мешавем, ки феълан Эмомалӣ Раҳмон дар сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0