https://sputnik.tj/20210928/rahmon-pomir-prezident-bozdid-1042533948.html
Раҳмон дар Помир: Президент боз аз як ноҳия боздид кард
Раҳмон дар Помир: Президент боз аз як ноҳия боздид кард
Sputnik Тоҷикистон
Президент ба минтақаи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар 30 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ, парвоз кард
2021-09-28T11:09+0500
2021-09-28T11:09+0500
2021-09-28T12:10+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
вмкб
роштқалъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042532007_105:243:1566:1065_1920x0_80_0_0_6ac66b7fcd0af5c2ed895b770c2f0443.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ парвоз карда, дар он ҷо чанд бинои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро ба истифода дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.Пас аз ворид шудан ба ноҳия Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқлол Майдони парчамро боз кард. Майдони парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа бунёд гардида, атрофи он бо шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст. Баландии пояи парчам 33 метрро ташкил дода, паҳноии матои он 4 ва дарозияш 8 метр мебошад.Раисҷумҳур дар ин минтақа як маркази бузурги адлияро боз кард, ки дар он бино дафтари САҲШ ва бахши нотариалӣ ҷойгир аст.Ҳамзамон дар Роштқалъа бинои идораи андоз низ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.Гуфта мешавад, он аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта шуда, омода аст, ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам соҳибкорони инфиродиро қабул кунад. Пас аз он президент дар ифтитоҳи бинои нави раёсати молия иштирок кард, ки он дар худи маркази ноҳия сохта шудааст ва пас аз он сармоягузорони маҳаллӣ суҳбат кард. Сафари кории сарвари ҷумҳурӣ дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Мақсади ниҳоии ин сафар Хоруғ хоҳад буд, ки дар он ҷо барномаи фарҳангии бузург ба ифтихори солгарди истиқлоли кишвар баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20210927/rahmon-shohrohi-kulob-khorugh-istifoda-1042512202.html
https://sputnik.tj/20210927/darvoz-guzashti-nizomi-afsar-sarboz-1042517096.html
вмкб
роштқалъа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042532007_267:215:1400:1065_1920x0_80_0_0_003e31e6d34c8691dbcadf009100b26b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон помир боздид роштқалъа
раҳмон помир боздид роштқалъа
Раҳмон дар Помир: Президент боз аз як ноҳия боздид кард
11:09 28.09.2021 (Навсозишуда: 12:10 28.09.2021) Президент ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар 30-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ парвоз кард
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ парвоз карда, дар он ҷо чанд бинои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро ба истифода дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.
Пас аз ворид шудан ба ноҳия Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқлол Майдони парчамро боз кард.
Майдони парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа бунёд гардида, атрофи он бо шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст. Баландии пояи парчам 33 метрро ташкил дода, паҳноии матои он 4 ва дарозияш 8 метр мебошад.
Раисҷумҳур дар ин минтақа як маркази бузурги адлияро боз кард, ки дар он бино дафтари САҲШ ва бахши нотариалӣ ҷойгир аст.
Ҳамзамон дар Роштқалъа бинои идораи андоз низ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Гуфта мешавад, он аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта шуда, омода аст, ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам соҳибкорони инфиродиро қабул кунад.
Пас аз он президент дар ифтитоҳи бинои нави раёсати молия иштирок кард, ки он дар худи маркази ноҳия сохта шудааст ва пас аз он сармоягузорони маҳаллӣ суҳбат кард.
Сафари кории сарвари ҷумҳурӣ дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Мақсади ниҳоии ин сафар Хоруғ хоҳад буд, ки дар он ҷо барномаи фарҳангии бузург ба ифтихори солгарди истиқлоли кишвар баргузор мешавад.