https://sputnik.tj/20210928/narkh-rekordi-gaz-avrupo-1042541519.html
Нархи рекордии газ дар Аврупо
Нархи рекордии газ дар Аврупо
Sputnik Тоҷикистон
Нархи газ дар бозори Аврупо бори аввал аз ҳадди як ҳазор доллар сари як ҳазор метри мукааб гузашт
2021-09-28T15:55+0500
2021-09-28T15:55+0500
2021-09-28T19:26+0500
дар ҷаҳон
аврупо
нарх
ҷаҳиш
газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1f/1032563363_0:200:1920:1280_1920x0_80_0_0_9f54a2d2d717a3c33b7fe4c08788b487.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Аз нархи рекордӣ дар бозори фючерсии Аврупо дар лаҳзаҳои аввали оғози савдо хабаргузории "РИА Новости" бо такя ба додаҳои ICE Futures хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, аз рӯи шохиси голандии TTF, нархи газ аз 992 доллар оғоз шуда, аллакай то соати 10:10 (бо вақти Маскав) ба 1030 доллар расид. Рекорди қаблӣ 15 сентябр сабт шуда буд. Он замон нархи ҳазор метри мукааби газ ба 963,9 доллари амрикоӣ баробар шуда буд. Нархи газ дар Аврупо тайи ҳафтаҳои охир беш аз якуним баробар афзоиш ёфтааст. Рӯзи 1-уми сентябр ҳазор метри мукааби газ бо нархи 614 доллар фурӯхта мешуд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҷаҳиш ба нигарониҳо аз камбуди эҳтимолии газ дар бозор рабт доранд, чун захира дар анборҳо кам гуфта мешавад. Инчунин афзоиши талабот дар пайи барқароршавии иқтисод ба вуҷуд омада, омили обуҳавоӣ низ дар ин ҷо нақш дорад, изҳор медоранд таҳлилгарон. Аз далоили дигар таъминоти маҳдуди газ аз ҷониби калонтарин таъминкунандаи Аврупо - "Газпром" арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20210927/narkh-suzishvori-gaz-benzin-qimmat-1042511404.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1f/1032563363_527:311:1819:1280_1920x0_80_0_0_93f07e8a27a7a69d98dbbe25fbc487db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, газ, аврупо,
Нархи рекордии газ дар Аврупо
15:55 28.09.2021 (Навсозишуда: 19:26 28.09.2021) Нархи газ дар бозори Аврупо бори аввал аз ҳадди ҳазордолларӣ барои ҳазор метри мукааб гузашт
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Аз нархи рекордӣ дар бозори фючерсии Аврупо дар лаҳзаҳои аввали оғози савдо хабаргузории "РИА Новости" бо такя ба додаҳои ICE Futures хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи шохиси голандии TTF, нархи газ аз 992 доллар оғоз шуда, аллакай то соати 10:10 (бо вақти Маскав) ба 1030 доллар расид.
Рекорди қаблӣ 15 сентябр сабт шуда буд. Он замон нархи ҳазор метри мукааби газ ба 963,9 доллари амрикоӣ баробар шуда буд.
Нархи газ дар Аврупо тайи ҳафтаҳои охир беш аз якуним баробар афзоиш ёфтааст. Рӯзи 1-уми сентябр ҳазор метри мукааби газ бо нархи 614 доллар фурӯхта мешуд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҷаҳиш ба нигарониҳо аз камбуди эҳтимолии газ дар бозор рабт доранд, чун захира дар анборҳо кам гуфта мешавад.
Инчунин афзоиши талабот дар пайи барқароршавии иқтисод ба вуҷуд омада, омили обуҳавоӣ низ дар ин ҷо нақш дорад, изҳор медоранд таҳлилгарон. Аз далоили дигар таъминоти маҳдуди газ аз ҷониби калонтарин таъминкунандаи Аврупо - "Газпром" арзёбӣ мегардад.