Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт

© Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонСафари кории Раҳмон ба ВМКБ
Сафари кории Раҳмон ба ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Сафари кории президент ба шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон аз ду то се рӯз идома меёбад ва дар ҷараёни он оқои Раҳмон чанд биноро ифтитоҳ хоҳад кард.
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.
Тибқи иттилои котиботи президент, сафар ба Бадахшонро раисҷумҳури кишвар нахуст аз ноҳияи Дарвоз оғоз кард.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия бинои маркази адлия ва майдончаи варзиширо ба истифода дод.
Эмомали Рахмон открыл государственный флаг в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Балҷувон соҳиби майдони нишону парчам шуд: Раҳмон чанд иншооти муҳим ифтитоҳ кард
Дар идомаи боздид раисҷумҳур ба 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ туҳфаҳое иборат аз сарулибос, шириниҳо, ашёи хониш ва кӯмаки молӣ тақдим кардааст.
Қаблан сухангӯи раиси вилояти Бадахшон Ғолиб Ниятбеков ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон тақрибан 120 бинои ҷашнии муҳими давлатию ҷамъиятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.
"Ба истифода додани 10 бинои муҳим дар ноҳияи Роштқалъа, 3 бино дар ноҳияи Шуғнон ва чандтои дигар дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ дар барнома аст",-тавзеҳ дод Ниятбеков.
Лентаи хабарҳо
0