https://sputnik.tj/20210926/rusiya-muhojiron-it-tekhnologiya-nazorat-1042504534.html
Русия муҳоҷиронро тариқи IT-технология назорат мекунад
Русия муҳоҷиронро тариқи IT-технология назорат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Русия назорати муҳоҷирон дар кишварро тариқи технологияҳои ҷадид таҳким мебахшад
2021-09-26T13:28+0500
2021-09-26T13:28+0500
2021-09-26T13:28+0500
муҳоҷират
қонун
хадамот
пешниҳод
нав
вазорати умури дохилаи русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/16/1041818987_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ac16f584717a0163f982efc3a49fb878.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. ВУД Русия азм дорад, тариқи роҳандозии фанновариҳои ҷадид назорати муҳоҷиронро таҳким бахшад, хабар додааст ТАСС.Ба иттилои манбаъ, чунин як лоиҳаи қонун дар доираи чорабиниҳо барои соли 2020 - 2022 дар Консепсияи сиёсати Русия дар умури муҳоҷират таҳия шуда, аз ҷониби Ҳукумат аллакай моҳи декабр баррасӣ хоҳад шуд. Лоиҳа аллакай баъди баррасии оммавӣ ба Вазорати рушди иқтисоди Русия ирсол шудааст. Интизор меравад, ки назорати вуруд ва ҳузури хориҷиён вобаста ба мақому ҳадафашон роҳандозӣ гардад. "Яке аз ҳадафҳои тарҳи қонун баланд бардоштани таъмини амният, аз ҷумла тариқи роҳандозӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ дар раванди пешниҳоди хадамоти давлатӣ ва назорат мебошад", - таъкид намуданд дар ВУД, Қаблан хабар дода шуда буд, ки ВУД Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар хориҷиён, ки барои муҳлати дароз вориди кишвар шудаанд, кортҳои пластикии чипдорро пешниҳод мекунад. Интизор меравад, ки ин иқдом аз 29 декабр амалӣ карда шавад ва чип ҳомили маълумоти доктилоскопӣ ва сурати дорандаи он хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20210924/hushdor-maqomot-muhojiron-huzur-deport-1042481505.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/16/1041818987_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_2fa19b5ee27a91f721969d08848e0c06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷирон, технология, назорат, кишвар
русия, муҳоҷирон, технология, назорат, кишвар
Русия муҳоҷиронро тариқи IT-технология назорат мекунад
Вазорати умури дохилии Русия назорати муҳоҷирон дар кишварро тариқи технологияҳои ҷадид таҳким мебахшад
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. ВУД Русия азм дорад, тариқи роҳандозии фанновариҳои ҷадид назорати муҳоҷиронро таҳким бахшад,
хабар додааст ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, чунин як лоиҳаи қонун дар доираи чорабиниҳо барои соли 2020 - 2022 дар Консепсияи сиёсати Русия дар умури муҳоҷират таҳия шуда, аз ҷониби Ҳукумат аллакай моҳи декабр баррасӣ хоҳад шуд.
Лоиҳа аллакай баъди баррасии оммавӣ ба Вазорати рушди иқтисоди Русия ирсол шудааст.
Интизор меравад, ки назорати вуруд ва ҳузури хориҷиён вобаста ба мақому ҳадафашон роҳандозӣ гардад.
"Яке аз ҳадафҳои тарҳи қонун баланд бардоштани таъмини амният, аз ҷумла тариқи роҳандозӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ дар раванди пешниҳоди хадамоти давлатӣ ва назорат мебошад", - таъкид намуданд дар ВУД,
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ВУД Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар хориҷиён, ки барои муҳлати дароз вориди кишвар шудаанд, кортҳои пластикии чипдорро пешниҳод мекунад. Интизор меравад, ки ин иқдом аз 29 декабр амалӣ карда шавад ва чип ҳомили маълумоти доктилоскопӣ ва сурати дорандаи он хоҳад буд.