https://sputnik.tj/20210926/narishkin-hamkori-idora-istikhborot-mintaqa-afghoniston-1042505945.html
Наришкин аз ҳамкории идораҳои истихборотии минтақа дар мавриди Афғонистон гуфт
Наришкин аз ҳамкории идораҳои истихборотии минтақа дар мавриди Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сергей Наришкин, сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия аз ҳамкорӣ бо ҳамтоёни дигарашон дар мавриди Афғонистон гуфт
2021-09-26T14:45+0500
2021-09-26T14:45+0500
2021-09-26T14:45+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
сергей наришкин
истихборотӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/06/1032224381_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_1a595d7356c3b8629690011c60f68ce3.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Наришкин аз омилҳои умедворкунандаро талоши кишварҳои минтақа барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон хонд. Сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия дар суҳбат бо шабакаи телевизионии RТ, изҳор доштааст, ки эътидоли вазъ дар Афғонистон ва талошҳо барои он аз масоили мубрами кишварҳои минтақа, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон ва Русия мебошад. Ӯ таъкид намудааст, ки албатта тақдири Афғонистон пеш аз ҳама дар дасти худи афғонҳо мебошад. Ба гуфтаи Наришкин, тамоми кишварҳои минтақа манфиатдори як Афғонистони ором ва рушдкунанда мебошанд. Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210926/lavrov-rusiya-tolibon-hukumat-farogir-1042500014.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/06/1032224381_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fec049b9fadf46e21e8cab7823ea0805.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хадамоти истихоборот, афғонистон, оромӣ, сулҳ
хадамоти истихоборот, афғонистон, оромӣ, сулҳ
Наришкин аз ҳамкории идораҳои истихборотии минтақа дар мавриди Афғонистон гуфт
Сергей Наришкин, сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия аз ҳамкорӣ бо ҳамтоён аз кишварҳои дигар дар мавриди Афғонистон гуфт
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Наришкин аз омилҳои умедворкунандаро талоши кишварҳои минтақа барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон хонд.
Сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия дар суҳбат бо шабакаи телевизионии RТ, изҳор доштааст, ки эътидоли вазъ дар Афғонистон ва талошҳо барои он аз масоили мубрами кишварҳои минтақа, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон ва Русия мебошад.
"Дар ин масъала ҳамкорӣ миёни хадамоти истихборотӣ хеле муҳим аст. Ва бояд қайд кунам, ки феълан мо амалан бо ҳамаи кишварҳои зикршуда муколамаи шарикӣ дорем", - изҳор доштааст Наришкин.
Ӯ таъкид намудааст, ки албатта тақдири Афғонистон пеш аз ҳама дар дасти худи афғонҳо мебошад. Ба гуфтаи Наришкин, тамоми кишварҳои минтақа манфиатдори як Афғонистони ором ва рушдкунанда мебошанд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар