Лавров: Русия бо "Толибон"* таъсиси ҳукумати фарогирро баррасӣ дорад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкИтоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке
Итоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Обуна шудан
Русия музокиротро бо "Толибон"* дар бораи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни як муҳокимаи умумии сиёсӣ дар иҷлосияи 76 -уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар бораи Афғонистон изҳорот дод.
Дар суханронии худ ӯ аз тамоси Русия бо "Толибон"* дар мавриди таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон зикр кард.
"Чанде пеш намояндагони мо, ман дар назар дорам русҳо, чиниҳо ва ва покистониҳо дар Доҳа буданд, сипас онҳо ба Кобул ташриф оварданд ва дар он ҷо бо Толибон ва бо намояндагони мақомоти дунявӣ гуфтугӯ карданд. Дар мулоқот таъсис ёфтани ҳукумати фарогир дар он кишвар баррасӣ шуд", - афзуд Лавров.
Вазири умури хориҷа ишора кард, ки пас аз хуруҷи сареъи нирӯҳои Амрико ва дигар нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, “силоҳҳои зиёде дар ин кишвар боқӣ монд. Вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард: "Зоҳиран, ҳамаи мо бояд мутмаин шавем, ки ин силоҳҳо ба ҳадафҳои бад истифода намешаванд".
Поездка министра иностранных дел РФ С. Лаврова в  Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Лавров шарти эътирофи ҳукумати Толибонро* дар Афғонистон гуфт
Ба гуфтаи Сергей Лавров, Русия ҷонибдори тарғиби ҳалли масоили Афғонистон тавассути форматҳои мухталифи сиёсӣ, баррасии вазъи Афғонистон бо ИМА, Чин, Покистон ва дигар кишварҳо мебошад.
Вай таъкид кард, ки Федератсияи Русия дар чаҳорчӯби "Раванди Остона" ба эътидол овардани вазъ дар Сурия кумак мекунад ва бо тамоми аҳзоби Либия барои амалӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ ҳамкорӣ мекунад. Лавров гуфт, ки дар Афғонистон, Сурия, Либия ва дигар нуқтаҳои доғ аз ҳама бозигарони беруна талаб карда мешавад, ки хусусиятҳои фарҳангӣ ва тамаддунии ҷомеаро дарк кунанд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0