Муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Петербург марди 35 - соларо корд заданд

© ФСБ РФСотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Обуна шудан
Феълан маълум нест, ки чаро муҳоҷирон ба сокини Петербург ҳамла намуда, ӯро корд заданд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кормандони пулиси Петербург шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистонро боздошт карданд, хабар медиҳад "Московский Комсомолес.
Ба иттилои манбаъ, ҳарду дар ҳамла ба як сокини шаҳри Санкт -Петербург гумонбар дониста мешаванд.
Ҳодиса шоми 15 сентябр рух додааст. Ба кормандони пулис хабар расид, ки як марди маҷрӯҳ дар дари даромадгоҳи хонаи рақами 2 дар кӯчаи Болшая Конюшенная хобидааст.Зимнан, кормандони полис пас аз ҳозир шудан ба ҷойи ҳодиса, маълум намуданд, ки ҷабрдида 35 сол доштааст.
Рабочие на стройке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Вақт кам монд, ҳузури худро расмӣ кунед, то ихроҷ нашавед
Номбурда дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шуд.
Кормандони пулис дар зудтарин фурсат муттаҳамони ин ҷиноятро дастгир намуданд, ки яке шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре аз Қирғизистон буд.
Муҳоҷирон яке 30 ва дигаре 41 - сола буда, феълан нисбати онҳо тибқи моддаи авбошӣ протокол тартиб дода шуда, масъалаи оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0