https://sputnik.tj/20210911/lavrov-shart-etirof-hukumat-tolibon-1042192438.html
Лавров шарти эътирофи ҳукумати Толибонро* дар Афғонистон гуфт
Лавров шарти эътирофи ҳукумати Толибонро* дар Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Қарор дар бораи эътирофи қудрати Толибон* аз татбиқи принсипҳои зикршуда вобаста аст
2021-09-11T09:00+0500
2021-09-11T09:00+0500
2021-09-11T09:00+0500
панҷшер
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042191913_0:0:3069:1727_1920x0_80_0_0_19445f7c5a6cce5d1bc44f520556ec78.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, масъалаи эътирофи қудрати ҷунбиши Толибон* вобаста ба амалҳои он баррасӣ хоҳад шуд."Вобаста аз он, ки Толибон ваъдаву ҳадафҳо ва принсипҳои қудрати худро чӣ гуна иҷро хоҳанд кард, ин эътироф ба маънои мушаххас баррасӣ карда мешавад", - гуфт сардори вазорати корҳои хориҷии Русия, ки дар форуми журналистикаи муосир "Тамоми Русия-2021" суханронӣ мекард.Дар ҳамин ҳол, вазир бовар дорад, ки амалан ҳама маҷбуранд бо намояндагони Ҳаракат муколама кунанд. "Қариб ҳама ногузир бояд бо Толибон сӯҳбат кунанд. Ин масъала вобаста ба иҷрои ваъдаҳои Толибон ҳал хоҳад шуд", - мегӯяд Лавров.Ҳамзамон, ба гуфтаи Лавров, намояндагони Толибон наметавонанд ба ҳеҷ ваҷҳ дар амали худ барои таъсиси ҳукумати нав дар Афғонистон тасмим бигиранд.Ҳамзамон, вазир таъкид кард, ки бидуни муттаҳид шудан дар раванди сиёсӣ натанҳо паштунҳо, балки ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва тоҷиконро низ ҳаллу фасли мушкили Афғонистон номумкин аст.Вазир афзуд, ки Русия ва муттаҳидонаш дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар умури низомӣ, зич ҳамкорӣ мекунанд.Вазъият дар Афғонистон моҳи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон* Кобулро забт карданд ва президенти қаблии он Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард.То кунун танҳо вилояти Панҷшер аст, ки танҳо пурра таҳти идораи Толибон* қарор нагирифтааст.* - ташкилоти террористӣ, ки дар Русияву Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210910/namoyandai-rusiya-smm-tolibon-hukumat-qonuni-afghoniston-1042181442.html
https://sputnik.tj/20210910/eron-hamlai-tolibon-panjsher-barodarkushi-ast-1042190858.html
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042191913_260:0:2991:2048_1920x0_80_0_0_5ea89c8ae3583606b7108e388d70f27a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, шарт, эътироф, ҳукумат, толибонро*, афғонистон
лавров, шарт, эътироф, ҳукумат, толибонро*, афғонистон
Лавров шарти эътирофи ҳукумати Толибонро* дар Афғонистон гуфт
Қарор дар бораи эътирофи қудрати Толибон* аз татбиқи принсипҳои зикршуда вобаста аст
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, масъалаи эътирофи қудрати ҷунбиши Толибон* вобаста ба амалҳои он баррасӣ хоҳад шуд.
"Вобаста аз он, ки Толибон ваъдаву ҳадафҳо ва принсипҳои қудрати худро чӣ гуна иҷро хоҳанд кард, ин эътироф ба маънои мушаххас баррасӣ карда мешавад", - гуфт сардори вазорати корҳои хориҷии Русия, ки дар форуми журналистикаи муосир "Тамоми Русия-2021" суханронӣ мекард.
Дар ҳамин ҳол, вазир бовар дорад, ки амалан ҳама маҷбуранд бо намояндагони Ҳаракат муколама кунанд.
"Қариб ҳама ногузир бояд бо Толибон сӯҳбат кунанд. Ин масъала вобаста ба иҷрои ваъдаҳои Толибон ҳал хоҳад шуд", - мегӯяд Лавров.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Лавров, намояндагони Толибон наметавонанд ба ҳеҷ ваҷҳ дар амали худ барои таъсиси ҳукумати нав дар Афғонистон тасмим бигиранд.
"Онҳо ҳар рӯз нақшаҳои худро тағир медиҳанд, аз ҷумла вобаста ба фарогирии раванди сиёсӣ. Онҳо ҳукуматеро эълон карданд, ки 100% аз аъзои ин ҳаракат иборат аст ва сипас гуфтанд, ки ҳукумат ба зудӣ давраи гузаранда хоҳад буд", - гуфт дипломат.
Ҳамзамон, вазир таъкид кард, ки бидуни муттаҳид шудан дар раванди сиёсӣ натанҳо паштунҳо, балки ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва тоҷиконро низ ҳаллу фасли мушкили Афғонистон номумкин аст.
Вазир афзуд, ки Русия ва муттаҳидонаш дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар умури низомӣ, зич ҳамкорӣ мекунанд.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон* Кобулро забт карданд ва президенти қаблии он Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард.
То кунун танҳо вилояти Панҷшер аст, ки танҳо пурра таҳти идораи Толибон* қарор нагирифтааст.
* - ташкилоти террористӣ, ки дар Русияву Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.