Қарори додгоҳ алайҳи ҷавони муттаҳам дар латукӯби табиб барои муоинаи зани ҳиҷобпӯшаш

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкЗал судебных заседаний. Архивное фото
Зал судебных заседаний. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Обуна шудан
Додгоҳ ҷавони зодаи Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Нижневартовски минтақаи Ханти - Мансийск табибро барои муоинаи ҳамсари ҳиҷобпӯшаш кӯфт, дар ҷараёни тафтишот аз ҳаққи анҷоми бархе амалҳо маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Додгоҳ қарор кардааст, ки муттаҳами 29-сола дар латукӯби табиб тайи тафтишоти парвандаи манзили зисти худро тарк накунад.
Бар асоси қарори додгоҳ, муттаҳам инчунин наметавонад бидуни иҷозаи муфаттиш бо шоҳидон суҳбат кунад, аз воситаҳои алоқа, аз ҷумла интернет истифода барад.
Идораи тафтишотии шаҳри Нижневартовск хабар додааст, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ҷавон барои авбошӣ бо истифодаи зӯроварӣ идома дошта, феълан ҷузъиёти қазия муайян мешаванд. Таъкид шудааст, ки тафтиши парванда таҳти назорати роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия қарор дорад.
Қаблан шавҳари муттаҳам дар латукӯби табиб узрхоҳиро рад карда, гуфт, ин пизишк ба ҳамсараш хушомад задааст, ки қобили қабул нест.
Инчунин бар асоси навори бозпурсии ҷавони тоҷик, ӯ мегӯяд, ки табиб аз ҳамсараш суол кардааст, ки чаро ин ҷуволҳоро ба бар кардааст, ки ба гуфтаи ӯ берун аз салоҳияти пизишк мебошад.
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Зодаи Тоҷикистон, ки табибро зад, узр намехоҳад: Ӯ шарҳ дод чаро - видео
Марди 29-солаи зодаи Тоҷикистон, ки 8 соли қабл шаҳрвандии Русияро гирифтааст, дар авбошӣ бо истифода аз зӯр айбдор мешавад.
Таъкид шудааст, ки вобаста ба осеби расондашуда ба ҷабрдида, муттаҳамро аз 300 ҳазор рубл ҷарима то ҳабс таҳдид мекунад.
Аз духтури ҷабрдида табиби дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурда шудааст. Ба асоси гузоришҳо, ба назди ӯ зани 30-солаи ҳиҷобпӯш омадаст, ки ниёз ба муоина доштааст.
Ба навиштаи расонаҳо, нахуст зан нахостааст, ки ӯро мард муоина кунад ва табиб ба ӯ тавсия додааст, ки ба роҳбарият муроҷиат намояд. Дар ниҳоят зан розӣ шудааст, ки Жерноклеев ӯро муоина намояд ва қисме аз шикамашро дидаст. Баъди рафтани зан ҳамсараш, марди 29-сола вориди утоқи духтур шуда, бо иттиҳоми он ки шиками ҳамсарашро дидаст, мушт ба рӯи пизишк мезанад, таъкид намуданд расонаҳо.
Жерноклеев изҳор доштааст, ки дар таҷриба беморони зиёди мусалмонро муоина кардааст ва чунин қазия ба сараш бори аввал омадааст. Ин ҳолат баъди расонаӣ шудан вокуниши зиёдро ба бор овард ва роҳбарияти Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, таҳқиқи қазияро зери назорат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0