https://sputnik.tj/20210924/zoda-tojikiston-tabib-uzr-sharh-1042484938.html
Зодаи Тоҷикистон, ки табибро зад, узр намехоҳад: Ӯ шарҳ дод чаро - видео
Зодаи Тоҷикистон, ки табибро зад, узр намехоҳад: Ӯ шарҳ дод чаро - видео
Sputnik Тоҷикистон
Марди зодаи Тоҷикистон, ки дар задани табиб барои муоинаи ҳамсар муттаҳам мешавад, узрхоҳиро рад намудаст
2021-09-24T20:20+0500
2021-09-24T20:20+0500
2021-09-24T20:20+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
иҷтимоъ
латукӯб
духтурон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032990874_0:130:2685:1640_1920x0_80_0_0_a6b2d2c01dfb742f7932ee120fc9fe08.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Шавҳари муттаҳам дар латукӯби табиб мегӯяд, ин пизишк ба ҳамсараш хушомад задааст, ки ин қобили қабул нест. Инчунин бар асоси навори бозпурсии ҷавони тоҷик, ӯ мегӯяд, ки табиб аз ҳамсараш суол кардааст, ки чаро ин ҷуволҳоро ба бар кардааст, ки ба гуфтаи ӯ берун аз салоҳияти пизишк мебошад. Марди 29-солаи зодаи Тоҷикистон, ки 8 соли қабл шаҳрвандии Русияро гирифтааст, дар авбошӣ бо истифода аз зӯр айбдор мешавад. Дар ин бора раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар ҳавзаи мухтори Ханти - Мансийск хабар додааст.Таъкид шудааст, ки вобаста ба осеби расондашуда ба ҷабрдида, муттаҳамро аз 300 ҳазор рубл ҷарима то ҳабс таҳдид мекунад. Аз духтури ҷабрдида табиби дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурда шудааст. Ба асоси гузоришҳо, ба назди ӯ зани 30-солаи ҳиҷобпӯш омадаст, ки ниёз ба муоина доштааст.Ба навиштаи расонаҳо, нахуст зан нахостааст, ки ӯро мард муоина кунад ва табиб ба ӯ тавсия додааст, ки ба роҳбарият муроҷиат намояд. Дар ниҳоят зан розӣ шудааст, ки Жерноклеев ӯро муоина намояд ва қисме аз шикамашро дидаст. Баъди рафтани зан ҳамсараш, марди 29-сола вориди утоқи духтур шуда, бо иттиҳоми он ки шиками ҳамсарашро дидаст, мушт ба рӯи пизишк мезанад, таъкид намуданд расонаҳо. Жерноклеев изҳор доштааст, ки дар таҷриба беморони зиёди мусалмонро муоина кардааст ва чунин қазия ба сараш бори аввал омадааст. Ин ҳолат баъди расонаӣ шудан вокуниши зиёдро ба бор овард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032990874_163:0:2522:1769_1920x0_80_0_0_f88218a95ba7b84a8d45e7b358a294f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
узр, зода, тоҷикистон, шарҳ, видео
узр, зода, тоҷикистон, шарҳ, видео
Зодаи Тоҷикистон, ки табибро зад, узр намехоҳад: Ӯ шарҳ дод чаро - видео
Марди зодаи Тоҷикистон, ки дар задани табиб барои муоинаи ҳамсари ҳиҷобпӯшаш, муттаҳам мешавад, узрхоҳиро рад намудаст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Шавҳари муттаҳам дар латукӯби табиб мегӯяд, ин пизишк ба ҳамсараш хушомад задааст, ки ин қобили қабул нест.
Инчунин бар асоси навори бозпурсии ҷавони тоҷик, ӯ мегӯяд, ки табиб аз ҳамсараш суол кардааст, ки чаро ин ҷуволҳоро ба бар кардааст, ки ба гуфтаи ӯ берун аз салоҳияти пизишк мебошад.
Марди 29-солаи зодаи Тоҷикистон, ки 8 соли қабл шаҳрвандии Русияро гирифтааст, дар авбошӣ бо истифода аз зӯр айбдор мешавад. Дар ин бора раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар ҳавзаи мухтори Ханти - Мансийск хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки вобаста ба осеби расондашуда ба ҷабрдида, муттаҳамро аз 300 ҳазор рубл ҷарима то ҳабс таҳдид мекунад.
Аз духтури ҷабрдида табиби дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурда шудааст. Ба асоси гузоришҳо, ба назди ӯ зани 30-солаи ҳиҷобпӯш омадаст, ки ниёз ба муоина доштааст.
Ба навиштаи расонаҳо, нахуст зан нахостааст, ки ӯро мард муоина кунад ва табиб ба ӯ тавсия додааст, ки ба роҳбарият муроҷиат намояд. Дар ниҳоят зан розӣ шудааст, ки Жерноклеев ӯро муоина намояд ва қисме аз шикамашро дидаст. Баъди рафтани зан ҳамсараш, марди 29-сола вориди утоқи духтур шуда, бо иттиҳоми он ки шиками ҳамсарашро дидаст, мушт ба рӯи пизишк мезанад, таъкид намуданд расонаҳо.
Жерноклеев изҳор доштааст, ки дар таҷриба беморони зиёди мусалмонро муоина кардааст ва чунин қазия ба сараш бори аввал омадааст. Ин ҳолат баъди расонаӣ шудан вокуниши зиёдро ба бор овард.