https://sputnik.tj/20210925/smm-namoyanda-ghani-sukhanroni-1042488118.html
СММ: намояндаи Ашраф Ғанӣ дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ мекунад
СММ: намояндаи Ашраф Ғанӣ дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки Кумитаи аккредитатсияи СММ аввали моҳи октябр муайян кунад, ки намояндаи Афғонистон дар ин созмон кӣ хоҳад буд
2021-09-25T10:55+0500
2021-09-25T10:55+0500
2021-09-25T10:55+0500
афғонистон
смм
ашраф ғанӣ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/93/1029199354_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_a5129127c38c19972a74c3a571620167.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Сухангӯи Дабири кулли СММ Стивен Дюжаррик гуфтааст, ки интизор меравад дар ин ҳафта намояндаи ҳукумати президенти фирории Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кунад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.Ин дар ҳолест, ки намояндаи расмии дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ гуфта буд, ки "Толибон"* ба ин созмон нома фиристодаанд, ки Муҳаммад Суҳайл Шоҳин аз ҷониби ин гурӯҳ ба ҳайси намояндаи доимии Афғонистон таъин шудааст."Ҳоло ҷаноби Ғулом Исҳоқозай дар феҳристи суханварони афғон дар рӯзи душанбе қарор дорад", - гуфтааст ӯ.Интизор меравад, ки Кумитаи аккредитатсияи СММ муайян кунад, ки аввали моҳи октябр Афғонистонро дар СММ кӣ намояндагӣ кунад.Қаблан низ кишварҳо аз ҷумла Олмон ба дархости "Толибон"* барои сунханронӣ мухолифат кард.Ҳейко Маас, дар вокунише ба дархости "Толибон"* барои ҳузур дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, намоиши ин гурӯҳ дар СММ ҳеҷ дардеро даво намекунад.Вай қайд кард, ки барои "Толибон"* дар ҳоли ҳозир муҳим аст, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон, бахусус занонро риоя, робита бо гурӯҳҳои террористиро қатъ ва инчунин дигар намояндагони ақвомро ба ҳукумат ворид кунад.Ба гуфтаи Маас, чигунагии муносибатҳо аз ин иқдомот вобастаанд.* - созмони террористии мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210924/vokunishi-rusiya-namoyanda-tolibon-smm-1042467979.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/93/1029199354_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_205cecbb0ac1e4b338b35980ee208ee8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм намоянда ашраф ғанӣ суханронӣ "толибон"* афғонистон
смм намоянда ашраф ғанӣ суханронӣ "толибон"* афғонистон
СММ: намояндаи Ашраф Ғанӣ дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ мекунад
Интизор меравад, ки Кумитаи аккредитатсияи СММ аввали моҳи октябр муайян кунад, ки намояндаи Афғонистон дар ин созмон кӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Сухангӯи Дабири кулли СММ Стивен Дюжаррик гуфтааст, ки интизор меравад дар ин ҳафта намояндаи ҳукумати президенти фирории Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кунад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ин дар ҳолест, ки намояндаи расмии дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ гуфта буд, ки "Толибон"* ба ин созмон нома фиристодаанд, ки Муҳаммад Суҳайл Шоҳин аз ҷониби ин гурӯҳ ба ҳайси намояндаи доимии Афғонистон таъин шудааст.
"Ҳоло ҷаноби Ғулом Исҳоқозай дар феҳристи суханварони афғон дар рӯзи душанбе қарор дорад", - гуфтааст ӯ.
Интизор меравад, ки Кумитаи аккредитатсияи СММ муайян кунад, ки аввали моҳи октябр Афғонистонро дар СММ кӣ намояндагӣ кунад.
Қаблан низ кишварҳо аз ҷумла Олмон ба дархости "Толибон"* барои сунханронӣ мухолифат кард.
Ҳейко Маас, дар вокунише ба дархости "Толибон"* барои ҳузур дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, намоиши ин гурӯҳ дар СММ ҳеҷ дардеро даво намекунад.
Вай қайд кард, ки барои "Толибон"* дар ҳоли ҳозир муҳим аст, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон, бахусус занонро риоя, робита бо гурӯҳҳои террористиро қатъ ва инчунин дигар намояндагони ақвомро ба ҳукумат ворид кунад.
Ба гуфтаи Маас, чигунагии муносибатҳо аз ин иқдомот вобастаанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон