https://sputnik.tj/20210924/vokunishi-rusiya-namoyanda-tolibon-smm-1042467979.html
Вокуниши Русия ба намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал
Вокуниши Русия ба намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал изҳори назар кард
2021-09-24T08:00+0500
2021-09-24T08:00+0500
2021-09-24T08:00+0500
афғонистон
смм
гурӯҳи террористии "толибон"
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042116575_0:42:3219:1853_1920x0_80_0_0_b65373a393c900740604fc26d74e23d0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Вершинин гуфтааст, ки масъалаи намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал бояд тибқи муқаррароти СММ ҳал шавад.Ба гуфтаи ӯ, масъалаи асосӣ ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи Афғонистон, бахусус кумакҳои башардӯстона аст.Қаблан сухангӯи Департаменти давлатӣ ИМА гуфта буд, ки барои ҳалли масъалаи намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал вақт лозим аст.Қобили зикр аст, ки Соҳил Шоҳин, узви сиёсии "Толибон"*, намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъин шудааст.Қаблан Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон дар вокунише ба дархости "Толибон"* барои ҳузур дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, намоиши ин гурӯҳ дар СММ ҳеҷ дардеро даво намекунад.Вай қайд кард, ки барои "Толибон"* дар ҳоли ҳозир муҳим аст, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон, бахусус занонро риоя, робита бо гурӯҳҳои террористиро қатъ ва инчунин дигар намояндагони ақвомро ба ҳукумат ворид кунад.Ба гуфтаи Маас, чигунагии муносибатҳо аз ин иқдомот вобастаанд.* - созмони террористии мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210922/vokunish-sozmoni-millal-darkhost-tolibon-huzur-shuroi-amniyat-1042432597.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042116575_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8f71ec4512476300b54f6f6832a1a696.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш русия "толибон"* созмони милал
вокуниш русия "толибон"* созмони милал
Вокуниши Русия ба намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал
Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Вершинин гуфтааст, ки масъалаи намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал бояд тибқи муқаррароти СММ ҳал шавад.
"Ин як саволи хеле душвор аст. СММ қоидаҳои хоси худро дорад, ки муайян мекунанд, чӣ касе аз кишвар расман намояндагӣ мекунад. Ин масъала ҳанӯз ҳал нашудааст", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи асосӣ ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи Афғонистон, бахусус кумакҳои башардӯстона аст.
Қаблан сухангӯи Департаменти давлатӣ ИМА гуфта буд, ки барои ҳалли масъалаи намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал вақт лозим аст.
Қобили зикр аст, ки Соҳил Шоҳин, узви сиёсии "Толибон"*, намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъин шудааст.
Қаблан Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон дар вокунише ба дархости "Толибон"* барои ҳузур дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, намоиши ин гурӯҳ дар СММ ҳеҷ дардеро даво намекунад.
Вай қайд кард, ки барои "Толибон"* дар ҳоли ҳозир муҳим аст, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон, бахусус занонро риоя, робита бо гурӯҳҳои террористиро қатъ ва инчунин дигар намояндагони ақвомро ба ҳукумат ворид кунад.
Ба гуфтаи Маас, чигунагии муносибатҳо аз ин иқдомот вобастаанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон