https://sputnik.tj/20210925/koronavirus-maghlub-vazorat-tandurusti-tojikiston-1042488470.html
Коронавирус мағлуб шуд? Маълумоти нав аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон
Коронавирус мағлуб шуд? Маълумоти нав аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар кишвар ягон нафари мубталои коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
2021-09-25T11:20+0500
2021-09-25T11:20+0500
2021-09-25T11:20+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/12/1031241224_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_010eba6bd0ac07fdf52bf2ad514160c0.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафтаи дувум аст, ки пизишкон ягон ҳолати бемории коронавирусро сабт намекунанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, омори гирифторӣ ба беморӣ аз аввали пандемия чунин аст:Охирин додаҳои вазорат аз гирифторони коронавирус дар кишвар рӯзи 13 сентябр буд.Қобили зикр аст, ки ваксинзании оммавии аҳолии калонсол дар ҷумҳурӣ идома дорад.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ аз коронавирус чор дору мавҷуд аст: CoronaVac - и чинӣ, AstraZeneca аз аврупоӣ, Moderna - и амрикоӣ ва Супутник В - и русӣ. Қаблан вирусолог, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов гуфта буд, ки дар моҳи август Тоҷикистон ба сатҳи баланди сироят расид ва пас аз ин беморӣ ба шиддат коҳиш ёфт.Дар ҳамин ҳол, 25 сентябр дар саросари ҷаҳон 231 миллиону 661 ҳазору 238 нафар сироят ёфтаанд, ки аз онҳо 206 миллиону 603 ҳазору 897 нафар шифо ёфтаанд ва 4 миллиону 746 ҳазору 336 нафар фавтидаанд.
https://sputnik.tj/20210916/tojikiston-muboriza-koronavirus-kumak-1042291292.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/12/1031241224_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_3887e383d43e8faec5594326accd16cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус вазорати тоҷикистон ваксина
коронавирус вазорати тоҷикистон ваксина
Коронавирус мағлуб шуд? Маълумоти нав аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон
Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар кишвар ягон нафари мубталои коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафтаи дувум аст, ки пизишкон ягон ҳолати бемории коронавирусро сабт намекунанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, омори гирифторӣ ба беморӣ аз аввали пандемия чунин аст:
дар маҷмӯъ дар кишвар 17,084 нафар мубталои коронавирус шуданд,
16 960 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд,
Охирин додаҳои вазорат аз гирифторони коронавирус дар кишвар рӯзи 13 сентябр буд.
Қобили зикр аст, ки ваксинзании оммавии аҳолии калонсол дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ аз коронавирус чор дору мавҷуд аст: CoronaVac - и чинӣ, AstraZeneca аз аврупоӣ, Moderna - и амрикоӣ ва Супутник В - и русӣ.
Қаблан вирусолог, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов гуфта буд, ки дар моҳи август Тоҷикистон ба сатҳи баланди сироят расид ва пас аз ин беморӣ ба шиддат коҳиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, 25 сентябр дар саросари ҷаҳон 231 миллиону 661 ҳазору 238 нафар сироят ёфтаанд, ки аз онҳо 206 миллиону 603 ҳазору 897 нафар шифо ёфтаанд ва 4 миллиону 746 ҳазору 336 нафар фавтидаанд.