Тоқаев бо Рустами Эмомалӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики КазахстанаГлава государства Казахстана принял председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Рустами Эмомали
Глава государства Казахстана принял председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Рустами Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Обуна шудан
Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтааст
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, ки бо сафари корӣ дар Қазоқистон қарор дорад, бо Қосим Ҷомарт Тоқаев, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Қазоқистон.
Манбаъ афзуд, Тоқаев бо таъкиди рушди муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон, изҳор доштааст, ки бо вуҷуди чолишҳои муосир муносиботи ду кишвар устувор боқӣ мондаанд.

"Барои ин муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва ҳамоҳангӣ дар кори ҳукуматҳо мусоидат мекунад", - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии раисҷумҳури Қазоқистон.

Таъкид шудааст, ки тавофуқоти ҳосилшудаи роҳбарони давлатҳо дар зимни сафари Тоқаев ба Тоҷикистон бояд аз ҷониби масъулини ду тараф амалӣ гарданду натиҷаҳои амалии созишҳо маълум бошад. Тоқаев изҳор доштааст, ки феълан ҳукуматҳои ду кишвар фаъолона сари дастуроти роҳбарони ду давлат кор карда истодаанд.
Рустам Эмомали приняли участие в церемонии открытия бюста и улицы имени Устода Абуабдулло Рудаки в Нур-Султане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз вазъи Афғонистон ва хатараш ба ҳамсояҳо
Ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Қазоқистон, Тоқаев ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон таманниёти некашро фиристода, барои ташкили мунобиси ҳамоиши ахири сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД изҳори миннатдорӣ намудаст.
Қазоқистон аз ҷумлаи калонтарин шарикони тиҷории давлати Душанбе буда, аз таъминкунандагони асосии орду гандум ва гази моеи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0