https://sputnik.tj/20210924/nigaroni-rustami-emomali-afghoniston-khatar-hamsoya-1042478823.html
Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз вазъи Афғонистон ва хатараш ба ҳамсояҳо
Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз вазъи Афғонистон ва хатараш ба ҳамсояҳо
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии Тоҷикистон дар мулоқот бо Нурлан Нигматуллин, раиси Маҷлис, палатаи поёнии парлумони Қазоқистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
2021-09-24T15:55+0500
2021-09-24T15:55+0500
2021-09-24T18:44+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
қазоқистон
рустами эмомалӣ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042473303_0:15:1000:578_1920x0_80_0_0_81a606545c13828d987353b849e717c2.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ ва Нурлан Нигматуллин зимни мулоқот дар Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро ҷузъи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки муносиботи ду кишвар ба таври мунтазам рушду тавсеа меёбанд ва яке аз омилҳои калидии мусоидаткунанда ин муколамаи мунтазаму самимии сарони давлатҳо арзёбӣ шудааст. Зикр шудааст, ки ду кишвар дорои фарҳангу арзишҳои маънавии умумӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ буда, ин ҳама барои афзоиши эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат мекунад. Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ дар мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид намудааст, ки ин вазъи ҳоким дар давлати ҳамсоя барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ дорад. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ишора ба вазъияти кунунии ҷаҳон ва рӯйдодҳои минтақаӣ зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши мудофиа ва амниятро таъкид намуда, афзуд, ки ҳалли қазияи Афғонистон аз омилҳои асосии таъмини амнияти минтақаӣ мебошад. Дар мавриди бахшҳои дигар низ Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст, ки Қазоқистон яке аз шарикони стратегии калидии Тоҷикистон буда, Душанбе дар таҳкими ҳамкории шарикӣ бо ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд дорад.
https://sputnik.tj/20210924/qazoqiston-nimpaykara-kuchai-rudaki-1042471570.html
афғонистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042473303_105:0:896:593_1920x0_80_0_0_81c34a3c6130683c662edff0b2c1ae95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатар, афғонистон, қазоқистон, нигаронӣ, парлумон
хатар, афғонистон, қазоқистон, нигаронӣ, парлумон
Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз вазъи Афғонистон ва хатараш ба ҳамсояҳо
15:55 24.09.2021 (Навсозишуда: 18:44 24.09.2021) Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар мулоқот бо Нурлан Нигматуллин, раиси Маҷлис, палатаи поёнии парлумони Қазоқистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ ва Нурлан Нигматуллин зимни мулоқот дар Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро ҷузъи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки муносиботи ду кишвар ба таври мунтазам рушду тавсеа меёбанд ва яке аз омилҳои калидии мусоидаткунанда ин муколамаи мунтазаму самимии сарони давлатҳо арзёбӣ шудааст.
Зикр шудааст, ки ду кишвар дорои фарҳангу арзишҳои маънавии умумӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ буда, ин ҳама барои афзоиши эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат мекунад.
Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ дар мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид намудааст, ки ин вазъи ҳоким дар давлати ҳамсоя барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ дорад.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ишора ба вазъияти кунунии ҷаҳон ва рӯйдодҳои минтақаӣ зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши мудофиа ва амниятро таъкид намуда, афзуд, ки ҳалли қазияи Афғонистон аз омилҳои асосии таъмини амнияти минтақаӣ мебошад.
Дар мавриди бахшҳои дигар низ Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст, ки Қазоқистон яке аз шарикони стратегии калидии Тоҷикистон буда, Душанбе дар таҳкими ҳамкории шарикӣ бо ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд дорад.