https://sputnik.tj/20210924/tolibon-edom-burridani-dastu-poy-oghoz-1042476800.html
"Толибон": Эъдом ва буридани дасту пойро мумкин дубора оғоз кунем
"Толибон": Эъдом ва буридани дасту пойро мумкин дубора оғоз кунем
Sputnik Тоҷикистон
Як аз бунёдгузорони гурӯҳи “Толибон”* мегӯяд, ки кобинаи “толибон”* дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ аст, ки муҷозотҳо дар байни мардум иҷро шавад ё на
2021-09-24T15:15+0500
2021-09-24T15:15+0500
2021-09-25T14:00+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
ҷазо
осиёи марказӣ
эъдом
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434634_0:216:2875:1833_1920x0_80_0_0_32daa923361f716e17b9c6caa5f9b9f3.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Мулло Нуриддин Таробӣ, яке аз бунёдгузорони гурӯҳи “Толибон” дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Ассошейтед пресс”, ки ахиран мунташир шуд, хашми ҷаҳониён аз эъдомҳои “Толибон”* дар гузаштаро бемаврид хонд ва ба дунё ҳушдор дод, ки дар умури ҳокимони ҷадиди Афғонистон дахолат накунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Қаблан, дар даврони ҳукмронии аввали “Толибон” баъзан маҳкумшудагонро дар варзишгоҳҳо ва дар назди омма эъдом мекарданд.Таробӣ дар замони режими “Толибон” раҳбари Вазорати адлия ва Вазорати амри маъруф буд. Он замон афроде, ки барои куштор маҳкум шуда буданд, маъмулан аз ҷониби хешовандони қурбонӣ бо паррондан бар сараш кушта мешуданд. Онҳоеро, ки барои роҳзанӣ ва ғоратгарӣ маҳкум мешуданд, дасту по мебуриданд.Ҳукмҳо пушти дарҳои баста сурат мегирифтанд ва тартибот бар асоси шариат буд.Ин дафъа додрасҳо, аз ҷумла занони қозӣ, парвандаҳоро баррасӣ хоҳанд кард, аммо асоси қонун дар Афғонистон қоидаҳои Қуръон хоҳад буд, гуфт Таробӣ. Вай гуфт, ки ҷазоҳои пешина аз сар гирифта мешаванд.Ба гуфтаи Таробӣ, "буридани дасту пой барои амният хеле зарур аст" ва ин ҷазо як таъсири боздоранда дорад.Ҳоло, дар замони ҳукумати нави “Толибон”*, Таробӣ масъули зиндониён аст. Вай яке аз раҳбарони “Толибон”* ва узви кобинаи нави ин гурӯҳ аст, ки дар рӯйхати таҳримҳои Амрико қарор дорад."Мо нисбат ба даврони гузашта тағйир ёфтаем. Ҳоло “Толибон”* ба телевизион, телефонҳои мобилӣ, аксбардорӣ ва наворбардорӣ иҷозат медиҳанд, зеро ин барои мардум зарур аст ва мо ба ин ҷиддӣ муносибат диққат медиҳем. Ҳоло ба ҷои сад нафар мо метавонем бо миллионҳо нафар иртибот дошта бошем", - гуфт ТаробӣВай гуфт, ки агар ҷазоҳои исломӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат бигиранд, ба сокинон иҷоза дода мешавад, ки акс ва наворбардорӣ кунанд, то "таъсири боздоранда" -и он дар ҳама ҷо паҳн шавад.* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст
https://sputnik.tj/20210924/tolibon-khostor-bozgardoni-pul-ghani-1042473361.html
https://sputnik.tj/20210924/tolibon-rusiya-kumak-in-guruh-1042471737.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434634_72:0:2803:2048_1920x0_80_0_0_caf03883dae5bb940d4f168ee1c5d347.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, бурридани дасту пой, ҷазо, муҷозот
афғонистон, толибон, бурридани дасту пой, ҷазо, муҷозот
"Толибон": Эъдом ва буридани дасту пойро мумкин дубора оғоз кунем
15:15 24.09.2021 (Навсозишуда: 14:00 25.09.2021) Яке аз бунёдгузорони гурӯҳи “Толибон”* мегӯяд, ки кобинаи онҳо дар ҳоли баррасии ин мавзуъ аст, ки ин муҷозот дар байни мардум иҷро шавад ё на
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Мулло Нуриддин Таробӣ, яке аз бунёдгузорони гурӯҳи “Толибон” дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Ассошейтед пресс”, ки ахиран мунташир шуд, хашми ҷаҳониён аз эъдомҳои “Толибон”* дар гузаштаро бемаврид хонд ва ба дунё ҳушдор дод, ки дар умури ҳокимони ҷадиди Афғонистон дахолат накунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қаблан, дар даврони ҳукмронии аввали “Толибон” баъзан маҳкумшудагонро дар варзишгоҳҳо ва дар назди омма эъдом мекарданд.
"Ҳама моро танқид карданд, аммо мо ҳеҷ гоҳ дар бораи ҷазоҳои кишварҳои Ғарб чизе нагуфтаем. Ҳеҷ кас наметавонад ба мо бигӯяд, ки қоидаҳои мо бояд чӣ гуна бошанд. Мо исломро пайравӣ мекунем ва қонунҳои худро бар Қуръон асос хоҳем дод", таъкид доштааст Таробӣ ба хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс”.
Таробӣ дар замони режими “Толибон” раҳбари Вазорати адлия ва Вазорати амри маъруф буд. Он замон афроде, ки барои куштор маҳкум шуда буданд, маъмулан аз ҷониби хешовандони қурбонӣ бо паррондан бар сараш кушта мешуданд. Онҳоеро, ки барои роҳзанӣ ва ғоратгарӣ маҳкум мешуданд, дасту по мебуриданд.
Ҳукмҳо пушти дарҳои баста сурат мегирифтанд ва тартибот бар асоси шариат буд.
Ин дафъа додрасҳо, аз ҷумла занони қозӣ, парвандаҳоро баррасӣ хоҳанд кард, аммо асоси қонун дар Афғонистон қоидаҳои Қуръон хоҳад буд, гуфт Таробӣ. Вай гуфт, ки ҷазоҳои пешина аз сар гирифта мешаванд.
Ба гуфтаи Таробӣ, "буридани дасту пой барои амният хеле зарур аст" ва ин ҷазо як таъсири боздоранда дорад.
“Ҳукумати “Толибон”* дар ҳоли ҳозир баррасӣ доранд, ки оё ин ҷазоҳо бояд ошкоро сурат бигиранд ё на”, - илова кард Таробӣ
Ҳоло, дар замони ҳукумати нави “Толибон”*, Таробӣ масъули зиндониён аст. Вай яке аз раҳбарони “Толибон”* ва узви кобинаи нави ин гурӯҳ аст, ки дар рӯйхати таҳримҳои Амрико қарор дорад.
"Мо нисбат ба даврони гузашта тағйир ёфтаем. Ҳоло “Толибон”* ба телевизион, телефонҳои мобилӣ, аксбардорӣ ва наворбардорӣ иҷозат медиҳанд, зеро ин барои мардум зарур аст ва мо ба ин ҷиддӣ муносибат диққат медиҳем. Ҳоло ба ҷои сад нафар мо метавонем бо миллионҳо нафар иртибот дошта бошем", - гуфт Таробӣ
Вай гуфт, ки агар ҷазоҳои исломӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат бигиранд, ба сокинон иҷоза дода мешавад, ки акс ва наворбардорӣ кунанд, то "таъсири боздоранда" -и он дар ҳама ҷо паҳн шавад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст