https://sputnik.tj/20210924/tolibon-rusiya-kumak-in-guruh-1042471737.html
“Толибон”* аз Русия кӯмак хостанд: Намояндагони ин гурӯҳ чӣ мехоҳанд?
“Толибон”* аз Русия кӯмак хостанд: Намояндагони ин гурӯҳ чӣ мехоҳанд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷангҷӯёни “Толибон”*, ки дар Афгонистон қудратро ба дӯши худ гирифтанд, саргардони барқароркардани субот дар кишвар мебошанд
2021-09-24T12:20+0500
2021-09-24T12:20+0500
2021-09-24T14:56+0500
афғонистон
толибон
кӯмак
хоҳиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042182158_0:61:3054:1779_1920x0_80_0_0_0eb909bfd94db9cb9343a4b608c8612d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати “Толибон”* дар суҳбат бо "РИА Новости" гуфтааст, ки Русия метавонад байни СММ ва Афғонистон миёнрав шавад.Ба гуфтаи Муҷоҳид, гурӯҳ аз Русия хоҳиш мекунад, ки дар истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва инчунин дар барқарорсозии кишвар мусоидат кунад.Намояндаи ҳукумати нави “Толибон”* изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ ба Кобул таъсири мусбат мерасонад.Пештар Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ қайд карда буд, ки то ҳол дар Шӯрои амнияти СММ масъалаи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати “Толибон”* баррасӣ нашудааст, аммо ин масъала бояд дар оянда баррасӣ шавад.Ба гуфтаи намояндаи доимии Русия, масъалаи асосие, ки бояд пеш аз ҳама ҳал шавад, расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон аст.Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки Толибон ба Русия муроҷиат мекунанд. Қаблан ҷангҷӯён аз дипломатҳои рус хоста буданд, ки ба намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон паём дар бораи нияти гузаронидани муколама дар бораи вилояти Панҷшерро расонанд, ки он вақт ин минтақа таҳти назорати онҳо набуд.Илова бар ин “Толибон”* Русияро ба иштирок дар савгандёдкунии ҳукумати нав даъват карданд, ки дар ниҳоят ин иқдом бекор карда шуд.* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
https://sputnik.tj/20210924/rahmon-smm-fojia-panjsher-1042469542.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042182158_195:0:2926:2048_1920x0_80_0_0_fe1870c52f44761426ffc2c23692239a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афғонистон, смм, миёнрав, толибон
русия, афғонистон, смм, миёнрав, толибон
“Толибон”* аз Русия кӯмак хостанд: Намояндагони ин гурӯҳ чӣ мехоҳанд?
12:20 24.09.2021 (Навсозишуда: 14:56 24.09.2021) Ҷангҷӯёни “Толибон”*, ки дар Афғонистон қудратро ба дӯши худ гирифтанд, дар талоши барқарор кардани субот дар кишвар мебошанд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати “Толибон”* дар суҳбат бо "РИА Новости" гуфтааст, ки Русия метавонад байни СММ ва Афғонистон миёнрав шавад.
"Русия метавонад байни мо ва СММ миёнрав бошад, аз ҷумла дар масъалаи коҳиш додани фишори таҳримҳо",-таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, гурӯҳ аз Русия хоҳиш мекунад, ки дар истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва инчунин дар барқарорсозии кишвар мусоидат кунад.
Намояндаи ҳукумати нави “Толибон”* изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ ба Кобул таъсири мусбат мерасонад.
Пештар Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ қайд карда буд, ки то ҳол дар Шӯрои амнияти СММ масъалаи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати “Толибон”* баррасӣ нашудааст, аммо ин масъала бояд дар оянда баррасӣ шавад.
Ба гуфтаи намояндаи доимии Русия, масъалаи асосие, ки бояд пеш аз ҳама ҳал шавад, расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон аст.
Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки Толибон ба Русия муроҷиат мекунанд. Қаблан ҷангҷӯён аз дипломатҳои рус хоста буданд, ки ба намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон паём дар бораи нияти гузаронидани муколама дар бораи вилояти Панҷшерро расонанд, ки он вақт ин минтақа таҳти назорати онҳо набуд.
Илова бар ин “Толибон”* Русияро ба иштирок дар савгандёдкунии ҳукумати нав даъват карданд, ки дар ниҳоят ин иқдом бекор карда шуд.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.