Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ хабар додааст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. ВУД мегӯяд, садамаи маргбор рӯзи 23-юми сентябр дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар тарафи чапи роҳ чаппа намудааст.

"Дар натиҷа мусофири автомашина, сокини 24-солаи ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-омадааст дар иттилоия.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Мақомоти умури дохилӣ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ қоидаҳоро риоя намоянд.
Дорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Садама дар Рӯшон боиси фавти ронанда ва се мусофир шуд
Ин дар ҳолест, ки қаблан ВУД гуфта буд, дар Тоҷикистон танҳо тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари 472 ҳодисаи роҳу нақлиёт 159 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 537 нафар ҷароҳат бардоштанд. Сабаби асосии садамаҳо риоя накардани қоидаҳо, аз ҷумла ҳаракат бо суръати аз меъёр баланд, идораи мошин дар ҳолати мастӣ ва ғайра арзёбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0