Низомиёни Русия машқи тирандозӣ аз силоҳҳои гуногун карданд

© SputnikРоссийско-таджикские учения на полигоне Фахрабад
Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Обуна шудан
Низомиёни пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон якбора дар ду размоишгоҳ - Лоҳур ва Самбулӣ машқи тирандозӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Машқи тирандозии низомиёни пойгоҳи 201-ум шабона ва рӯзона баргузор шуд, хабар дод дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия.
Тамринҳо баробар дар ду размоишгоҳи куҳӣ, Лоҳур ва Самбулӣ гузаронда шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки ин тамринҳо бо ҳудуди 500 низомӣ ва 80 адад техникаи низомӣ баргузор гардиданд.
"Низомиёни воҳидҳои тирандозу танкии пойгоҳи 201-ум машқи тирандозӣ аз силоҳҳои гуногун, аз ҷумла норинҷакандоз ва мошинҳои ҷангиро анҷом доданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳайати тонкҳои Т-72, мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А ва мошинҳои ҷангии БМП-2 ҳадафҳои заминию ҳавоиро дар фосилаи то 2 ҳазор метр мавриди тирпарронӣ қарор додаанд.
Боевые машины пехоты совершают марш перед преодолением водной преграды по понтонному мосту во время показных учений 5-й общевойсковой армии по форсированию водных преград на Сергеевском полигоне в Приморском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Мошинҳои зиреҳпӯши - 2М дар пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ба кор даромаданд
Тирандозиҳо ҳангоми истодан дар як ҷой, ҳангоми ҳаракат, бо танаффус, аз паноҳгоҳҳо ва бо анҷоми ҷойивазкунӣ амалӣ шудаанд, тавзеҳ додаст Ҳавзаи марказии низомӣ.
Аз норинҷакандози РПГ-7В назорати ҳадафҳои зиреҳпӯш ва нобудсозии он бо тири аввал анҷом дода шудааст. Ҳайати шахсии адӯ бо автоматҳои АК-74М ва дигари силоҳи вазнинтар нобуд карда шуд, илова намуд манбаъ.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе ҷой гирифта, низомиёни он мунтазам размоишҳо мегузаронанд ва ин тамринҳо дар пасманзари шиддати таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистони ҳамсоя афзоиш ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0