Мошинҳои зиреҳпӯши - 2М дар пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ба кор даромаданд

© Sputnik / Vitaliy Ankov / Гузариш ба медиабонкБоевые машины пехоты совершают марш перед преодолением водной преграды по понтонному мосту во время показных учений 5-й общевойсковой армии по форсированию водных преград на Сергеевском полигоне в Приморском крае
Боевые машины пехоты совершают марш перед преодолением водной преграды по понтонному мосту во время показных учений 5-й общевойсковой армии по форсированию водных преград на Сергеевском полигоне в Приморском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Технологияи русӣ ба зудӣ дар машқҳои наздики сарҳадии Афғонистон қувва ва тавони худро нишон хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба иттилои маркази матбуотии ҳавзаи марказии низомӣ, пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон як гурӯҳ аз 17 мошини ҷангии пиёдагарди муосир (BMP-2M) -ро дар ихтиёри худ гирифт.
Хабар дода мешавад, ки таҷҳизоти нав аллакай озмуда ва ба истифода дода шудааст.
Қаблан Округи марказии ҳарбӣ хабар дода буд, ки ба манзури таҳкими пойгоҳи 201 -уми Русия дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон мошинҳои зиреҳпӯш иваз хоҳанд шуд.
Разгрузка БМП-2М для 201-й РВБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Мошинҳои нави ҷангии пиёданизом ба Тоҷикистон расиданд - видео
Ҳамакнун бори нахуст аз ин мошинҳо ба зудӣ истифода бурда мешавад: дар машқҳои муштараки Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон.
Тибқи иттилои Округи марказии ҳарбӣ, мошинҳои зиреҳпӯши пиёданизом дорои системаи худкори идоракунии оташ аст ва инчунин бо дастгоҳҳои ҳадафбандӣ ва мушоҳида ва радиостансияи нави R-168 "Aкведук" муҷаҳҳаз аст.
Вазифаҳои асосии мошинҳои мазкур, муҳофизат ва пӯшонидани хизматчиёни ҳарбӣ дар хатти фронт мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0