https://sputnik.tj/20210801/qoidahoi-nav-az-1-avgust-dar-rusiya-baroi-muhojiron-chi-taghyir-meyobad-1041337936.html
Қоидаҳои нав: аз 1 август дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад
Қоидаҳои нав: аз 1 август дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Қоидаҳои нав ба тартиби супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дахл доранд
2021-08-01T10:34+0500
2021-08-01T10:34+0500
2021-08-01T10:34+0500
муҳоҷират
қонун
тартиб
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101319/57/1013195708_0:0:3009:1694_1920x0_80_0_0_f2d3025fd60a11eee5c6ace5f1671bf8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар Русия аз 1 август ба низоми супоридани имтиҳонот барои муҳоҷирон як қатор тағйиротҳо ворид шуд.Яке аз навовариҳо фармоне аст, ки тибқи он маводҳои имтиҳонот аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дар давоми се соли пас аз супоридан ва гирифтани шаҳодатнома, нигоҳ дошта мешавад. Пас аз муҳлати муқарраршуда онҳо аз база хориҷ карда мешаванд. Илова бар ин, дар кишвар як қоидаи нав эътибор пайдо кард, ки шакл ва тартиби гузаронидани имтиҳонро аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Русия дохил карда шудаанд, танзим мекунад. Ин ҳуҷҷат барои шаш сол эътибор дорад. Аз 1 август барои муҳоҷирон дар Русия фармони дираге рӯи кор меояд, ки қоидаҳои ташаккули низоми иттилоотии "Феҳристи федеролии маълумот дар бораи таҳсилот ва (ё) тахассус, ҳуҷҷатҳо оид ба омӯзиш" -ро муқаррар мекунад. Тибқи санади чорум, ки эътибор пайдо кард, тартиби ҳисоб кардани арзиши хидмат барои гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ муқаррар карда шудааст. Маблағи ҳадди ниҳоӣ барои гирифтани иҷозат барои иқомати муваққатӣ ё иҷозат барои иқомат 5,9 ҳазор рубл ва барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент 3,8 ҳазор рубл хоҳад буд. Пештар хабар дода шуд, ки аз 1 август имтиҳонҳо барои хориҷиён дар Русия аз рӯи супоришҳои нав гузаронида мешаванд.
https://sputnik.tj/20210630/muhojiron-rusiya-navgoni-1040535487.html
https://sputnik.tj/20210617/rusiya-muhojiron-qonuni-1040261542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101319/57/1013195708_217:0:2948:2048_1920x0_80_0_0_62f3ef2050ee99c2e7d0a30b896a642d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, русия. қоидаҳои нав
муҳоҷират, русия. қоидаҳои нав
Қоидаҳои нав: аз 1 август дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад
Қоидаҳои нав ба тартиби супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дахл доранд
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар Русия аз 1 август ба низоми супоридани имтиҳонот барои муҳоҷирон як қатор тағйиротҳо ворид шуд.
Яке аз навовариҳо
фармоне аст, ки тибқи он маводҳои имтиҳонот аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дар давоми се соли пас аз супоридан ва гирифтани шаҳодатнома, нигоҳ дошта мешавад. Пас аз муҳлати муқарраршуда онҳо аз база хориҷ карда мешаванд.
Илова бар ин, дар кишвар як
қоидаи нав эътибор пайдо кард, ки шакл ва тартиби гузаронидани имтиҳонро аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Русия дохил карда шудаанд, танзим мекунад. Ин ҳуҷҷат барои шаш сол эътибор дорад.
Аз 1 август барои муҳоҷирон дар Русия фармони дираге рӯи кор меояд, ки қоидаҳои ташаккули низоми иттилоотии "Феҳристи федеролии маълумот дар бораи таҳсилот ва (ё) тахассус, ҳуҷҷатҳо оид ба омӯзиш" -ро муқаррар мекунад.
Тибқи
санади чорум, ки эътибор пайдо кард, тартиби ҳисоб кардани арзиши хидмат барои гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ муқаррар карда шудааст.
Маблағи ҳадди ниҳоӣ барои гирифтани иҷозат барои иқомати муваққатӣ ё иҷозат барои иқомат 5,9 ҳазор рубл ва барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент 3,8 ҳазор рубл хоҳад буд.
Пештар хабар дода шуд, ки аз 1 август имтиҳонҳо барои хориҷиён дар Русия аз рӯи супоришҳои нав гузаронида мешаванд.