https://sputnik.tj/20210923/rustami-emomali-qazoqiston-mushkilot-afghoniston-1042461492.html
Рустами Эмомалӣ дар Қазоқистон аз мушкилоти Афғонистон ва таъсиси ҳукумати фарогир гуфт
Рустами Эмомалӣ дар Қазоқистон аз мушкилоти Афғонистон ва таъсиси ҳукумати фарогир гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва роҳбари Сенати Парлумони Қазоқистон зикр намуданд, ки дар Афғонистон бояд ҳукумати фарогир таъсис ёбад 23.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-23T17:10+0500
2021-09-23T17:10+0500
2021-09-23T17:22+0500
сиёсат
қазоқистон
рустами эмомалӣ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032465196_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_598d0d5524b29936513b6e856c570fa6.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлими миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Парлумони он кишвар доир гардид.Котиботи Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ нахуст ба роҳбари Сенати Парлумони Қазоқистон, маулен Ашимбаев барои даъват кардани ӯ изҳори сипос намуд.Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон муҳокима карда шуд.Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуда, зикр карда шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад.Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон қабл аз ҳама таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад.Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун яке аз масъалаи умда ва афзалиятнок шуморида шуд.Манбаъ меафзояд, дар фарҷоми мулоқот ҳайатҳои ду кишвар баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии тоҷикистон ва Сенати Парлумони Қазоқистон баргузор гардид.Рустами Эмомалӣ, роҳбари Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаевро ба Тоҷикистон даъват намуд ва таклифи ҷониби Тоҷикистон пазируфта шудааст.
https://sputnik.tj/20210923/juziyot-safar-rustami-emomali-qazoqiston-1042450561.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032465196_48:0:1139:818_1920x0_80_0_0_a5f1379580112fb5a3889a6f7209e73f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , қазоқистон, рустами эмомалӣ, осиёи марказӣ
сиёсат , қазоқистон, рустами эмомалӣ, осиёи марказӣ
Рустами Эмомалӣ дар Қазоқистон аз мушкилоти Афғонистон ва таъсиси ҳукумати фарогир гуфт
17:10 23.09.2021 (Навсозишуда: 17:22 23.09.2021) Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва роҳбари Сенати Парлумони Қазоқистон зикр намуданд, ки дар Афғонистон бояд ҳукумати фарогир таъсис ёбад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлими миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Парлумони он кишвар доир гардид.
Котиботи Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ нахуст ба роҳбари Сенати Парлумони Қазоқистон, маулен Ашимбаев барои даъват кардани ӯ изҳори сипос намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон муҳокима карда шуд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуда, зикр карда шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон қабл аз ҳама таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун яке аз масъалаи умда ва афзалиятнок шуморида шуд.
Манбаъ меафзояд, дар фарҷоми мулоқот ҳайатҳои ду кишвар баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии тоҷикистон ва Сенати Парлумони Қазоқистон баргузор гардид.
Рустами Эмомалӣ, роҳбари Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаевро ба Тоҷикистон даъват намуд ва таклифи ҷониби Тоҷикистон пазируфта шудааст.