https://sputnik.tj/20210923/juziyot-safar-rustami-emomali-qazoqiston-1042450561.html
Ҷузъиёти сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон маълум шуд
Ҷузъиёти сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқи худ, мири шаҳри Нурсултон ва намояндагони Сенати Қазоқистон вохӯрӣ ва мулоқот мекунад 23.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-23T12:33+0500
2021-09-23T12:33+0500
2021-09-23T15:32+0500
сиёсат
қазоқистон
рустами эмомалӣ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040139626_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_8b9c91fe13a3a34776e878a073123893.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба Қазоқистон бо мири шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов мулоқот хоҳад кард.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.Ба иттилои манбаъ, раисони шаҳрҳои Душанбе ва Нурсултон ёддошти тафоҳум имзо мекунанд ва ҳамзамон пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистон бародаршаҳр эълон мешаванд.Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқаш соати 16:00 (ба вақти маҳаллӣ) баргузор мегардад.Илова бар ин вохӯрию мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо намояндагони Сетани Қазоқистон низ дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки субҳи 23-юми сентябр Рустами Эмомалӣ бо як ҳайати расмӣ вориди Қазоқистон шуд. Ин савумин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба хориҷи кишвар мебошад. Қаблан ӯ ба Русия ва Ӯзбекистон сафар намуда буд.
https://sputnik.tj/20210923/rustami-emomali-safar-qazoqiston-1042447900.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040139626_105:0:2772:2000_1920x0_80_0_0_da7eecca1f343816d16eca232a7844e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , қазоқистон, рустами эмомалӣ, осиёи марказӣ
сиёсат , қазоқистон, рустами эмомалӣ, осиёи марказӣ
Ҷузъиёти сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон маълум шуд
12:33 23.09.2021 (Навсозишуда: 15:32 23.09.2021) Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқи худ, мири шаҳри Нурсултон ва намояндагони Сенати Қазоқистон вохӯрӣ ва мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба Қазоқистон бо мири шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов мулоқот хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, раисони шаҳрҳои Душанбе ва Нурсултон ёддошти тафоҳум имзо мекунанд ва ҳамзамон пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистон бародаршаҳр эълон мешаванд.
Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқаш соати 16:00 (ба вақти маҳаллӣ) баргузор мегардад.
Илова бар ин вохӯрию мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо намояндагони Сетани Қазоқистон низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 23-юми сентябр Рустами Эмомалӣ бо як ҳайати расмӣ вориди Қазоқистон шуд. Ин савумин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба хориҷи кишвар мебошад. Қаблан ӯ ба Русия ва Ӯзбекистон сафар намуда буд.