https://sputnik.tj/20210923/muhriddin-nu-york-yovar-bayden-vokhurd-1042449037.html
Муҳриддин дар Ню-Йорк бо ёвари Байден вохӯрд: аз ноамниҳо дар Афғонистон гуфтанд
Муҳриддин дар Ню-Йорк бо ёвари Байден вохӯрд: аз ноамниҳо дар Афғонистон гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик бо ёвари кишвардори Амрико вазъи сиёсию амниятии Афғонистонро баррасӣ намуд
2021-09-23T12:04+0500
2021-09-23T12:04+0500
2021-09-23T15:23+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
афғонистон
ёвар
ню-йорк
мулоқот
ҷо байден
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545305_0:467:2048:1619_1920x0_80_0_0_cf4577fb35199f39996cc42c0b26492c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Ню-Йорк ҳамоно иҷлосияи 76-уми СММ ва дар ин росто вохӯрию мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо намояндагони дигар давлатҳо давом дорад.Котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Ҷо Байден, раисҷуҳури Амрико ва мудири Шӯрои амнияти миллӣ вобаста ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин мулоқот намудааст.Бинобар иттилои манбаъ, мулоқоти вазири тоҷик ва ёвари Байден рӯзи 22-юми сентябр дар Ню-Йорк баргузор шуд ва ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрикоро мавриди баррасӣ қарор доданд.Зимнан ҳар ду тараф ба масъалаи Афғонистон дахл карда, пиромуни таҳаввулоти ахири ин кишвар ва вазъи сиёсию амниятии он табодули назар намуданд.Ёдовар мешавем, ки қаблан дипломати тоҷик бо президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх вохӯрд ва аснои мулоқот аз Петр Маурер даъват намуд, ки ба Ҷумҳурии Афғонистон, минҷумла ба водии Панҷшер фавран кумак кунад.
https://sputnik.tj/20210922/darkhost-muhriddin-salibi-surkh-panjsher-kumak-1042425073.html
афғонистон
ню-йорк
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545305_0:275:2048:1811_1920x0_80_0_0_6444cc08ab2c83dc3a5ae78b844a9097.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироҷиддин муҳриддин ню-йорк ёвар байден афғонистон
сироҷиддин муҳриддин ню-йорк ёвар байден афғонистон
Муҳриддин дар Ню-Йорк бо ёвари Байден вохӯрд: аз ноамниҳо дар Афғонистон гуфтанд
12:04 23.09.2021 (Навсозишуда: 15:23 23.09.2021) Вазири тоҷик бо ёвари кишвардори Амрико вазъи сиёсию амниятии Афғонистонро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Ню-Йорк ҳамоно иҷлосияи 76-уми СММ ва дар ин росто вохӯрию мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо намояндагони дигар давлатҳо давом дорад.
Котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Ҷо Байден, раисҷуҳури Амрико ва мудири Шӯрои амнияти миллӣ вобаста ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин мулоқот намудааст.
Бинобар иттилои манбаъ, мулоқоти вазири тоҷик ва ёвари Байден рӯзи 22-юми сентябр дар Ню-Йорк баргузор шуд ва ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрикоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан ҳар ду тараф ба масъалаи Афғонистон дахл карда, пиромуни таҳаввулоти ахири ин кишвар ва вазъи сиёсию амниятии он табодули назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дипломати тоҷик бо президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх вохӯрд ва аснои мулоқот аз Петр Маурер даъват намуд, ки ба Ҷумҳурии Афғонистон, минҷумла ба водии Панҷшер фавран кумак кунад.