https://sputnik.tj/20210922/darkhost-muhriddin-salibi-surkh-panjsher-kumak-1042425073.html
Дархости Муҳриддин аз роҳбари Салиби Сурх: Ба Панҷшер зудтар кӯмак расонед
Дархости Муҳриддин аз роҳбари Салиби Сурх: Ба Панҷшер зудтар кӯмак расонед
Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин аз Петер Маурер дархост намуд, ки ба Афғонистон, минҷумла ба сокинони водии Панҷшер ҳар чи зудтар бояд кумаки башардӯстона фиристода шавад
2021-09-22T12:27+0500
2021-09-22T12:27+0500
2021-09-22T12:55+0500
дар ҷаҳон
смм
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039560548_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_a2b00dd19efc079bf85e3be859c58e3b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар раъси як ҳайат дар кори 76 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок мекунад, бо президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх вохӯрӣ ва мулоқот доир кард.Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷӣ хабар медиҳад, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Петер Маурер рӯзи 21 сентябр баргузор гардид.Манбаъ меафзояд, зимни мулоқот Муҳриддин ва Маурер перомуни ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх табодули назар намуданд.Ҳамзамон ҷонибҳо ба вазъияти феълии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ дахл намуданд.Вазири тоҷик аз роҳбари СММ дархост намудааст, ки ба Афғонистон, бахусус ба сокинони водии Панҷшер ҳар чӣ зудтар кумаки башардӯстона фиристода шавад.Дар ҳамин ҳол, вазири тоҷик дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон иштирок ва суханронӣ кард.Муҳриддин аз ҷумла қайд намуд, ки ҳуқуқи занону духтарони афғонистонӣ бояд шуда, онҳо ба таҳсилу кор таъмин карда шаванд.Муҳриддин дархост намудааст, ки кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ ҳарчи зудтар садди роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро дар Афғонистон шаванд ва дар кушодани роҳҳо барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат намоянд.
https://sputnik.tj/20210922/rahmon-smm-mushkilot-jahon-rohhal-harf-mezanad-1042423208.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039560548_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_b777fd365e2014d9d812674e3f307943.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм сироҷиддин муҳриддин ню-йорк панҷшер кумак
смм сироҷиддин муҳриддин ню-йорк панҷшер кумак
Дархости Муҳриддин аз роҳбари Салиби Сурх: Ба Панҷшер зудтар кӯмак расонед
12:27 22.09.2021 (Навсозишуда: 12:55 22.09.2021) Сироҷиддин Муҳриддин аз Петер Маурер дархост намуд, ки ба Афғонистон, минҷумла ба сокинони водии Панҷшер ҳарчи зудтар бояд кумаки башардӯстона фиристода шавад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар раъси як ҳайат дар кори 76 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок мекунад, бо президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх вохӯрӣ ва мулоқот доир кард.
Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷӣ хабар медиҳад, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Петер Маурер рӯзи 21 сентябр баргузор гардид.
Манбаъ меафзояд, зимни мулоқот Муҳриддин ва Маурер перомуни ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх табодули назар намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба вазъияти феълии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ дахл намуданд.
Вазири тоҷик аз роҳбари СММ дархост намудааст, ки ба Афғонистон, бахусус ба сокинони водии Панҷшер ҳар чӣ зудтар кумаки башардӯстона фиристода шавад.
Дар ҳамин ҳол, вазири тоҷик дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон иштирок ва суханронӣ кард.Муҳриддин аз ҷумла қайд намуд, ки ҳуқуқи занону духтарони афғонистонӣ бояд шуда, онҳо ба таҳсилу кор таъмин карда шаванд.
Муҳриддин дархост намудааст, ки кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ ҳарчи зудтар садди роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро дар Афғонистон шаванд ва дар кушодани роҳҳо барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат намоянд.