https://sputnik.tj/20210922/shule--navobod-rahmon-rasht-inshooti-iftitoh-1042423510.html
Аз Шуле то Навобод: Раҳмон дар ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро ифтитоҳ кард
Аз Шуле то Навобод: Раҳмон дар ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафари кориаш ба ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро дар минтақаҳои гуногуни ноҳия ифтитоҳ кард
2021-09-22T11:40+0500
2021-09-22T11:40+0500
2021-09-22T12:39+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иншоот
ифтитоҳ
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042423445_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_19f47332ec91aa26c72b34a4f11d0d8a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт дар деҳаи Шулеи ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-ро ба истифода дод.Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро ба истифода дод.Раисҷумҳури кишвар ба ходимони давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хидмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуданд.Гуфта шудааст, ки иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ иборат мебошад.Қайд карда шудааст, ки манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади дар ноҳияҳои дурдаст аз имкони мусоид барои зиндагӣ баҳравар намудани хизматчиёни давлатӣ сохта шудаанд.Соҳибони манзилҳои истиқоматӣ кормандони сохторҳои гуногун дар ноҳияи Рашт мебошанд.Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навободро низ ифтитоҳ кард.Иттилоъ дода шудааст, ки сохтмони он моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2021 ба анҷом расид.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур санги асоси бинои мазкурро ҳанӯз соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Президенти Тоҷикистон гузошта буд.Бунёди бино нави маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод бо маблағгузории Ҳукмати кишвар сохта шудааст.Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои пурраи вазифаҳои хидматӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хидмат расонидан дастуру супоришҳои мушаххас додааст.Бояд қайд кард, ки аҳолии шаҳраки Навобод 6000 нафарро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210922/rahmon-rasht-binoi-sitodi-qismi-harbi-khobgohro-nizomiyon-1042419963.html
https://sputnik.tj/20210921/prezident-terminal-rasht-barodaron-siyarov-1042415312.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042423445_131:0:1948:1363_1920x0_80_0_0_60d48b6e1bf994b3b334f63626218405.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, рашт, навобод, иншоот, ифтитоҳ
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, рашт, навобод, иншоот, ифтитоҳ
Аз Шуле то Навобод: Раҳмон дар ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро ифтитоҳ кард
11:40 22.09.2021 (Навсозишуда: 12:39 22.09.2021) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафари кориаш ба ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро дар минтақаҳои гуногуни ноҳия ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт дар деҳаи Шулеи ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-ро ба истифода дод.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.
Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро ба истифода дод.
Раисҷумҳури кишвар ба ходимони давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хидмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуданд.
Гуфта шудааст, ки иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ иборат мебошад.
Қайд карда шудааст, ки манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади дар ноҳияҳои дурдаст аз имкони мусоид барои зиндагӣ баҳравар намудани хизматчиёни давлатӣ сохта шудаанд.
Соҳибони манзилҳои истиқоматӣ кормандони сохторҳои гуногун дар ноҳияи Рашт мебошанд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навободро низ ифтитоҳ кард.
Иттилоъ дода шудааст, ки сохтмони он моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2021 ба анҷом расид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур санги асоси бинои мазкурро ҳанӯз соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Президенти Тоҷикистон гузошта буд.
Бунёди бино нави маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод бо маблағгузории Ҳукмати кишвар сохта шудааст.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои пурраи вазифаҳои хидматӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хидмат расонидан дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Бояд қайд кард, ки аҳолии шаҳраки Навобод 6000 нафарро ташкил медиҳад.