Президент терминали Раштро, ки бародарон Сияровҳо сохтанд, ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт рафт
 Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт маркази хидматрасонии "Сияриён" ва терминали мусофирбарии минтақаиро ба истифода дод
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Маркази хидматрасонию терминали мусофирон бо саҳми бародарон Сияровҳо бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бунёд шудааст, хабар дод дафтари матбуотти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ошёнаи якуми маркази хидматрасонии "Сияриён", ки бо харҷи 6 миллиону 840 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, бозори фурӯши меваю сабзавот ва дигар анвои маводи ғизоӣ бо 160 нуқтаи савдо ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои фурӯши молҳои рӯзгор ва либос пешбинӣ шудааст.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Лахшский район  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Раҳмон дар водии Рашт: Президент ба Лахши баландкӯҳ парвоз кард
Бинои терминали мусофирбарӣ бо 150 ҷои нишаст бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар маркази хизматрасонии "Сияриён" ва терминали мусофирбарии минтақаӣ 400 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд.
Таъкид шудааст, ки дар солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон дар Рашт зиёда аз 71 километр роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия асфалтпӯш шуда, бо саҳмгузории бахши хусусӣ 35 маркази савдову хидматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0