Небензя: Лағви таҳримҳои СММ алайҳи "Толибон"* ҳанӯз дар баррасӣ нест

© AP / Richard DrewПосол России Василий Небензя
Посол России Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Обуна шудан
Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ изҳор дошт, ки масъалаи лағви таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ алайҳи "Толибон"* -ро дер ё зуд ҳал бояд кард
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Масъалаи бардоштани таҳримҳои СММ алайҳи "Толибон"* феълан дар баррасӣ нест, изҳор дошт Василий Небензя дар суҳбат бо РИА Новости.
Ӯ афзуд, мавзӯи бардоштани таҳримҳои ША СММ дар мавриди "Толибон"*-ро, гарчанде феълан дар барномаи ҷаласоту баррасиҳо нест, дер ё зуд онро ҳал бояд кард.

"Аммо инро наметавон якбора анҷом дод. Мо ба омӯзиш ва раванди авзоъ такя мекунем",-таъкид намудааст намояндаи доимии Русия.

Ба гуфтаи Небензя, тақрибан ҳамаи кишварҳои узви ША СММ, на танҳо "панҷгона"-и аъзои доимии он бар онанд, ки бояд дар мавриди ҳукуматдорони нав дар Афғонистон эҳтиёткорона ва ҳадафмандона амал кард.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Дархости Муҳриддин аз роҳбари Салиби Сурх: Ба Панҷшер зудтар кӯмак расонед
Намояндаи доимии Русия мутмаин аст, ки дар марҳилаи аввал бояд масоили кумаки башардӯстона ба Афғонистон ҳал шавад. Ӯ илова намуд, ки агар масъалаи таҳримҳо ҳам баррасӣ шавад, бояд аз ин зовия мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд, ки онҳо то куҷо барои ироаи кумаки башардӯстона ва рушди иҷтимою иқтисодии Афғонистон зарар мерасонанд.
Ҳукумати Афғонистонро "Толибон"* моҳи августи соли равон, пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки он ҷо аморати исломӣ ташкил мекунад. Ин гурӯҳ то имрӯз наздик ба 40 узви ҳукуматашро эълон кардааст, ки аксарашон паштун буда, таҳти таҳрими СММ қарор доранд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0