https://sputnik.tj/20210921/tolibon-kobul-rusiya-chin-pokiston-muzokira-1042410670.html
"Толибон"* дар Кобул бо Русия, Чин ва Покистон музокира мекунанд
"Толибон"* дар Кобул бо Русия, Чин ва Покистон музокира мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин нишаст намояндаи вижаи президенти Русия оид баАфғонистон Замир Кабулов, сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмад Хон, инчунин роҳбари намояндагии дипломатии Чин дар Афғонистон Ван Ю иштирок доранд
2021-09-21T17:07+0500
2021-09-21T17:07+0500
2021-09-21T17:22+0500
чин
покистон
кобул
музокира
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041930436_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_b5d54b191c911309240d6fe69d3923be.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Намояндагони Русия, Чин ва Покистон дар Кобул бо ҳайати "Толибон"* мулоқот мекунанд. Дар ин бора намояндаи ҷангҷӯён Аҳмадуллоҳ Муттақӣ дар сафҳаи Твиттер хабар додааст.Аҳмадуллоҳ Муттақӣ навиштааст, ки дар ин вохӯрӣ аз ҷониби "Толибон"* Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири молия ва дигарон низ ҳозиранд.Ӯ дар зери паём якчанд аксҳои вохӯриро низ гузоштааст, ки дар он намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов, сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмад Хон, инчунин роҳбари намояндагии дипломатии Чин дар Афғонистон Ван Ю дида мешаванд.Ҷузъиёти дигари музокирот мушаххас нашудааст.Аз ин пеш намояндагони ҳукумати нави Афғонистон як қатор изҳорот содир карда буданд, ки яке аз он лағфи баргузории маросими савгандёдкуниии ҳукумати нав буд. Ба гуфтаи муовини вазири иттилоот Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, радикалҳо тасмим гирифтанд, ки ба мушкилоти фаврии Афғонистон таваҷҷӯҳ кунанд.Ҳамзамон "Толибон"* ба такмили девони вазиронашон идома медиҳанд, ки ахиранд вазирони савдою тандурустиро ва як қатори дигар таъйин карданд.Сарфи назар аз ваъдаҳои "Толибон"* ва эътирозҳои оммавии мардуми маҳаллӣ, занон дубора ба ҳукумат роҳ наёфтанд.* - созмони террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ
https://sputnik.tj/20210919/khon-suhbat-rahmon-muzokira-tolibon-1042355339.html
чин
покистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041930436_910:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_299af19de476ccca4425536b2266711f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"толибон"* кобул русия чин покистон музокира
"толибон"* кобул русия чин покистон музокира
"Толибон"* дар Кобул бо Русия, Чин ва Покистон музокира мекунанд
17:07 21.09.2021 (Навсозишуда: 17:22 21.09.2021) Дар ин нишаст намояндаи вижаи президенти Русия оид баАфғонистон Замир Кабулов, сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмад Хон, инчунин роҳбари намояндагии дипломатии Чин дар Афғонистон Ван Ю иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Намояндагони Русия, Чин ва Покистон дар Кобул бо ҳайати "Толибон"* мулоқот мекунанд. Дар ин бора намояндаи ҷангҷӯён Аҳмадуллоҳ Муттақӣ дар сафҳаи Твиттер хабар додааст.
Аҳмадуллоҳ Муттақӣ навиштааст, ки дар ин вохӯрӣ аз ҷониби "Толибон"* Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири молия ва дигарон низ ҳозиранд.
Ӯ дар зери паём якчанд аксҳои вохӯриро низ гузоштааст, ки дар он намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов, сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмад Хон, инчунин роҳбари намояндагии дипломатии Чин дар Афғонистон Ван Ю дида мешаванд.
Ҷузъиёти дигари музокирот мушаххас нашудааст.
Аз ин пеш намояндагони ҳукумати нави Афғонистон як қатор изҳорот содир карда буданд, ки яке аз он лағфи баргузории маросими савгандёдкуниии ҳукумати нав буд. Ба гуфтаи муовини вазири иттилоот Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, радикалҳо тасмим гирифтанд, ки ба мушкилоти фаврии Афғонистон таваҷҷӯҳ кунанд.
Ҳамзамон "Толибон"* ба такмили девони вазиронашон идома медиҳанд, ки ахиранд вазирони савдою тандурустиро ва як қатори дигар таъйин карданд.
Сарфи назар аз ваъдаҳои "Толибон"* ва эътирозҳои оммавии мардуми маҳаллӣ, занон дубора ба ҳукумат роҳ наёфтанд.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ