https://sputnik.tj/20210921/siyosatmador-qirghiz-kor-tojikiston-marz-1042406697.html
Сиёсатмадори қирғиз ҷузъиёти кор бо Тоҷикистон дар бораи марзро ифшо кард
Сиёсатмадори қирғиз ҷузъиёти кор бо Тоҷикистон дар бораи марзро ифшо кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи ҳукумати Қирғизистон ба таври муфассал шарҳ дод, ки оид ба масоили марз бо Тоҷикистон чӣ пешрафт ба даст омадааст
2021-09-21T16:15+0500
2021-09-21T16:15+0500
2021-09-21T17:54+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
қирғизистон
осиёи марказӣ
демаркатсия
марз
тақсимоти ҳудудӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039935011_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_78369d7d75862b8a14cc2bc6f043000b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Намояндаи махсуси Девони Вазирон дар умури сарҳадии Дастгоҳи президент Назирбек Борубаев дар муколама бо "24.kg" гуфт, ки корҳои аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон идома доранд.Вай афзуд, ки "кори комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад тақвият ёфтааст. Ҳоло бошад, мутахассисон дар маҳал кор мекунанд, дар ҷаласаҳои ҳукумат моҳе ду маротиба нозукиҳои ҳуқуқӣ ва дипломатӣ мушаххас карда мешаванд. Сокинони маҳаллӣ низ ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешаванд".Намояндаи мақомоти Қирғизистон қайд кард, ки ӯ наметавонад маълумотро дар бораи қитъаҳои аллакай мувофиқашуда ифшо кунад, аммо афзуд, ки дар вохӯриҳои ахир дар бораи 70 километр аз сарҳади кишварҳо қарор қабул шуд.Пеш аз ҳама ҷонибҳо дар соҳаҳое кор мекунанд, ки ҳарду ҷумҳурӣ даъвои ҳудудӣ надоранд, гуфт Борубаев. Вай қайд кард, ки мақомот наметавонанд протоколҳоро рад кунанд, балки танҳо метавонанд тағироте ворид кунанд, ки ҳар ду ҷонибро қонеъ намояд.Борубаев инчунин гуфт, ки барои деҳаҳои ноҳияҳои Кок-Тош ва Оқсой, ки ба хатти сарҳад хеле наздиканд ва ҳатто дар шакли тахтаи шоҳмотанд, стратегияи беҳтарин мубодилаи қаламравҳо аст, аммо дар ҳоли ҳозир кор бинобар ҳолатҳои ғайриқонунии хариду фурӯши хонаҳо ва қитъаҳо мавқуф гузошта шудааст. Намояндаи Девони Вазирони Қирғизистон дар робита ба масъалаҳои сарҳад афзуд, ки ҳар ду ҷониб дар аломатгузорӣ ва тақсими сарҳадҳои давлатӣ фаъолона ширкат мекунанд, зеро онҳо ба ҳалли ин масъала манфиатдоранд. Агар як тараф аз гуфтушунид саркашӣ кунад, кор қатъ мешавад.Ба гуфти ин намояндаи Қирғизистон, бо "Google" гуфтушунид идома дорад, зеро сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар харитаҳо нодуруст нишон дода шудааст. Вай гуфт, ки картографияи давлатии Қирғизистон дар ин масъала фаъолона кор мебарад.
https://sputnik.tj/20210916/jabborov-saad-munoqisha-marzi-tojikistonu-qirghizistonro-1042295980.html
https://sputnik.tj/20210824/hatar-pushti-kuh-bahsi-marz-tojikistonu-qirghizistonro-narm-1041858291.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039935011_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_02fb866efa615ba94f7e5e26e012c113.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсатмадор қирғиз тоҷикистон марз тақсимот
сиёсатмадор қирғиз тоҷикистон марз тақсимот
Сиёсатмадори қирғиз ҷузъиёти кор бо Тоҷикистон дар бораи марзро ифшо кард
16:15 21.09.2021 (Навсозишуда: 17:54 21.09.2021) Намояндаи Ҳукумати Қирғизистон ба таври муфассал шарҳ дод, ки дар масоили марзӣ бо Тоҷикистон чӣ пешрафте ба даст омадааст
ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Намояндаи махсуси Девони Вазирон дар умури сарҳадии Дастгоҳи президент Назирбек Борубаев дар муколама бо "24.kg" гуфт, ки корҳои аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон идома доранд.
Вай афзуд, ки "кори комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад тақвият ёфтааст. Ҳоло бошад, мутахассисон дар маҳал кор мекунанд, дар ҷаласаҳои ҳукумат моҳе ду маротиба нозукиҳои ҳуқуқӣ ва дипломатӣ мушаххас карда мешаванд. Сокинони маҳаллӣ низ ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешаванд".
Намояндаи мақомоти Қирғизистон қайд кард, ки ӯ наметавонад маълумотро дар бораи қитъаҳои аллакай мувофиқашуда ифшо кунад, аммо афзуд, ки дар вохӯриҳои ахир дар бораи 70 километр аз сарҳади кишварҳо қарор қабул шуд.
Пеш аз ҳама ҷонибҳо дар соҳаҳое кор мекунанд, ки ҳарду ҷумҳурӣ даъвои ҳудудӣ надоранд, гуфт Борубаев.
"Имзои протокол маънои онро дорад, ки мо бо омӯзиш, тафтиш ва муҳокимаи баъзе қитъаҳои сарҳад ба як қарори умумӣ омадем. Ғайр аз он протоколҳои мо пешниҳод, сипас дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ баррасӣ мешаванд",-шарҳ дод намояндаи Девони Вазирон.
Вай қайд кард, ки мақомот наметавонанд протоколҳоро рад кунанд, балки танҳо метавонанд тағироте ворид кунанд, ки ҳар ду ҷонибро қонеъ намояд.
Борубаев инчунин гуфт, ки барои деҳаҳои ноҳияҳои Кок-Тош ва Оқсой, ки ба хатти сарҳад хеле наздиканд ва ҳатто дар шакли тахтаи шоҳмотанд, стратегияи беҳтарин мубодилаи қаламравҳо аст, аммо дар ҳоли ҳозир кор бинобар ҳолатҳои ғайриқонунии хариду фурӯши хонаҳо ва қитъаҳо мавқуф гузошта шудааст.
Намояндаи Девони Вазирони Қирғизистон дар робита ба масъалаҳои сарҳад афзуд, ки ҳар ду ҷониб дар аломатгузорӣ ва тақсими сарҳадҳои давлатӣ фаъолона ширкат мекунанд, зеро онҳо ба ҳалли ин масъала манфиатдоранд. Агар як тараф аз гуфтушунид саркашӣ кунад, кор қатъ мешавад.
Ба гуфти ин намояндаи Қирғизистон, бо "Google" гуфтушунид идома дорад, зеро сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар харитаҳо нодуруст нишон дода шудааст. Вай гуфт, ки картографияи давлатии Қирғизистон дар ин масъала фаъолона кор мебарад.