https://sputnik.tj/20210916/jabborov-saad-munoqisha-marzi-tojikistonu-qirghizistonro-1042295980.html
Ҷабборов дар нишасти СААД мавзуи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кард
Ҷабборов дар нишасти СААД мавзуи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷабборов мегӯяд, СААД бояд ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷӯҳ кунад
2021-09-16T13:14+0500
2021-09-16T13:14+0500
2021-09-16T18:13+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
муноқишаи марзӣ
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294300_0:188:3017:1885_1920x0_80_0_0_2bb5f46ff7ca0070f4367afcd9df4f18.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мавзуи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кардааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар додаанд. Вай аз кишварҳо даъват кардааст, ки ба танишҳо дар манотиқи марзии ду ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ кунанд. Ҷабборов пешниҳод кард, ки СААД дар сурати ҳамлаи як кишвари узви созмон ба кишвари дигари узв нақшаи амал таҳия кунад.Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба далели набудани аломатгузорӣ ва делимитатсияи марз баъзан шиддат мегирад. Охирин муноқишаи шадид, ки дар пай хунрезӣ дошт, охири моҳи апрел дар наздикии нуқтаи обрасонии "Головной" рух дод.Дар аввал задухӯрдҳо байни сокинони маҳаллӣ оғоз шуд, сипас сарҳадбонон ба задухӯрд ҳамроҳ шуданд. Пас аз он ҳарду кишвар ба овардани техникаи низомӣ ба сарҳад шуруъ карданд. Ихтилоф бо роҳи гуфтушуниди мақомоти ҳарду ҷумҳурӣ ҳал шуд. Аз он лаҳза дар қаламрави байни ду ҷумҳурӣ борҳо тирпарронию боздоштҳо сурат гирифтааст.
https://sputnik.tj/20210729/tojikiston-qirghiziston-tayinb-1041298724.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294300_120:0:2799:2009_1920x0_80_0_0_1349bfd70aa43d28b94ba76b81140da9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов, нишаст, саад, муноқиша, марз, тоҷикистон, қирғизистон
ҷабборов, нишаст, саад, муноқиша, марз, тоҷикистон, қирғизистон
Ҷабборов дар нишасти СААД мавзуи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кард
13:14 16.09.2021 (Навсозишуда: 18:13 16.09.2021) Ҷабборов мегӯяд, СААД бояд ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳ кунад
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мавзуи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кардааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар додаанд.
Вай аз кишварҳо даъват кардааст, ки ба танишҳо дар манотиқи марзии ду ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ кунанд.
Ҷабборов пешниҳод кард, ки СААД дар сурати ҳамлаи як кишвари узви созмон ба кишвари дигари узв нақшаи амал таҳия кунад.
"Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа президент пешниҳодҳои худ, аз ҷумла таҳияи механизмҳои вокуниши сареъ ва қабули қарорҳо дар дохили созмон дар сурати таҷовузи мусаллаҳонаи як кишвари узв ба давлати дигари узви СААД-ро ироа кард", - қайд кардааст дафтари матбуотии Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба далели набудани аломатгузорӣ ва делимитатсияи марз баъзан шиддат мегирад.
Охирин муноқишаи шадид, ки дар пай хунрезӣ дошт, охири моҳи апрел дар наздикии нуқтаи обрасонии "Головной" рух дод.
Дар аввал задухӯрдҳо байни сокинони маҳаллӣ оғоз шуд, сипас сарҳадбонон ба задухӯрд ҳамроҳ шуданд. Пас аз он ҳарду кишвар ба овардани техникаи низомӣ ба сарҳад шуруъ карданд.
Ихтилоф бо роҳи гуфтушуниди мақомоти ҳарду ҷумҳурӣ ҳал шуд. Аз он лаҳза дар қаламрави байни ду ҷумҳурӣ борҳо тирпарронию боздоштҳо сурат гирифтааст.