https://sputnik.tj/20210921/rahmon-rasht-prezident-lakhsh-parvoz-1042388864.html
Раҳмон дар водии Рашт: Президент ба Лахши баландкӯҳ парвоз кард
Раҳмон дар водии Рашт: Президент ба Лахши баландкӯҳ парвоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон сафари кории худро ба минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ идома медиҳад
2021-09-21T10:12+0500
2021-09-21T10:12+0500
2021-09-22T14:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
боздид
лахш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/15/1042387125_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_347bd4af8e1b8c69f8f47dc6e847c863.jpg
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зимни сафари корӣ ба водии Рашт вориди ноҳияи Лахш шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент. Баробари ворид шудан ба ин минтақа Раҳмон бинои идораи кишоварзии ин ноҳияро дар деҳаи Вахдат ба истифода дод ва дар намоишгоҳи кишоварзӣ ширкат кард. Илова бар ин президент бо сокинони маҳаллӣ мулоқот анҷом дод.Пас аз он раҳбари Тоҷикистон дар ифтитоҳи бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии Лахш иштирок намуд. Муассисаи нави тиббӣ дорои шароити муосири ташхису табобат аст. Дар шуъба утоқҳои ташхис, доруворӣ ва лавозимоти хобу дигар таҷҳизоти мавриди ниёз мавҷуд буда, он аллакай барои қабули беморон омода аст.Гуфта мешавад, дар давоми 30 соли ахир барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии минтақаи Лахш ва беҳбудии вазъи аҳолӣ зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ (ҳудуд 106 миллион доллар) ихтисос ёфтааст. Дар вилоят 21 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи тиб, ҳамлу нақл ва маориф иҷроӣ шудааст. Илова бар ин се лоиҳаи давлатӣ, аз ҷумла тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Питовкул" бо иқтидори 1000 киловатт иҷроӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210920/sohibkoron-hizb-hokim-nurobod-sangvor-1042376517.html
https://sputnik.tj/20210920/sangvor-istehsol-gusht-ghalla-kartoshka-afzoish-1042370604.html
лахш
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/15/1042387125_0:0:1420:1065_1920x0_80_0_0_102650095a9129ceda98085c426dad65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон рашт президент лахш сафар
раҳмон рашт президент лахш сафар
Раҳмон дар водии Рашт: Президент ба Лахши баландкӯҳ парвоз кард
10:12 21.09.2021 (Навсозишуда: 14:41 22.09.2021) Эмомалӣ Раҳмон сафари кории худро ба навоҳи тобеи ҷумҳурӣ идома медиҳад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зимни сафари корӣ ба водии Рашт вориди ноҳияи Лахш шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.
Баробари ворид шудан ба ин минтақа Раҳмон бинои идораи кишоварзии ин ноҳияро дар деҳаи Вахдат ба истифода дод ва дар намоишгоҳи кишоварзӣ ширкат кард.
Илова бар ин президент бо сокинони маҳаллӣ мулоқот анҷом дод.
Пас аз он раҳбари Тоҷикистон дар ифтитоҳи бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии Лахш иштирок намуд. Муассисаи нави тиббӣ дорои шароити муосири ташхису табобат аст.
Дар шуъба утоқҳои ташхис, доруворӣ ва лавозимоти хобу дигар таҷҳизоти мавриди ниёз мавҷуд буда, он аллакай барои қабули беморон омода аст.
Гуфта мешавад, дар давоми 30 соли ахир барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии минтақаи Лахш ва беҳбудии вазъи аҳолӣ зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ (ҳудуд 106 миллион доллар) ихтисос ёфтааст.
Дар вилоят 21 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи тиб, ҳамлу нақл ва маориф иҷроӣ шудааст. Илова бар ин се лоиҳаи давлатӣ, аз ҷумла тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Питовкул" бо иқтидори 1000 киловатт иҷроӣ шудааст.