https://sputnik.tj/20210921/khujand-hazor-dollar-zamin-1042416579.html
Барои 8 ҳисса замин дар Хуҷанд 28,5 ҳазор доллар гирифтааст
Барои 8 ҳисса замин дар Хуҷанд 28,5 ҳазор доллар гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ барои қаллобӣ алайҳи як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар додааст
2021-09-21T20:09+0500
2021-09-21T20:09+0500
2021-09-21T20:09+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
фурӯш
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/70/1031327042_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_732597831c79aab0bec8e50c28822e32.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. ВУД мегӯяд, марди 62-сола, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмонов, ки қаблан низ чанд бор зиндонӣ шудааст, ба иттиҳоми додугирифти замин ба қаллобӣ айбдор мешавад. Манбаъ афзуд, муттаҳам аз сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд барои додани 8 ҳисса замини наздиҳавлигӣ дар ин шаҳр 28 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст. Таъкид шудааст, ки пули мазкурро муттаҳам аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли 2013 гирифтааст, аммо парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ танҳо моҳи сентябри соли 2021 боз шудааст. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан барои муборизаи харидуфурӯши замин ва назорати риояи қонунгузорӣ дар ин бахш бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон дар Додситонии кулли кишвар раёсати махсус созмон ёфта буд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 8 ҳазору 928 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
https://sputnik.tj/20210802/parvandai-kormand-sughdzaminsoz-zamin-1041349238.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/70/1031327042_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_8d246bb49acd7dca6d2fc50b2c7c49ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, замин, интиқол, фурӯш
хуҷанд, замин, интиқол, фурӯш
Барои 8 ҳисса замин дар Хуҷанд 28,5 ҳазор доллар гирифтааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми қаллобӣ хабар додааст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. ВУД мегӯяд, марди 62-сола, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмонов, ки қаблан низ чанд бор зиндонӣ шудааст, ба иттиҳоми додугирифти замин ба қаллобӣ айбдор мешавад.
Манбаъ афзуд, муттаҳам аз сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд барои додани 8 ҳисса замини наздиҳавлигӣ дар ин шаҳр 28 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Таъкид шудааст, ки пули мазкурро муттаҳам аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли 2013 гирифтааст, аммо парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ танҳо моҳи сентябри соли 2021 боз шудааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан барои муборизаи харидуфурӯши замин ва назорати риояи қонунгузорӣ дар ин бахш бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон дар Додситонии кулли кишвар раёсати махсус созмон ёфта буд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 8 ҳазору 928 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.