https://sputnik.tj/20210802/parvandai-kormand-sughdzaminsoz-zamin-1041349238.html
Парвандаи дигари корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: 3700 доллар гирифтааст
Парвандаи дигари корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: 3700 доллар гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон корманди “Суғдзаминсоз”-ро бо иттиҳоми заминфурӯшӣ боздошт кардааст
2021-08-02T12:22+0500
2021-08-02T12:22+0500
2021-08-02T12:30+0500
оҷонсии зидди фасод
боздошт
дар тоҷикистон
парванда
заминфурӯшӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1e/1032728306_0:893:2048:2045_1920x0_80_0_0_e3a7998ce0088b0ab764bcd1f9c54138.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” кор карда истода даст ба чунин кор задааст.Номбурда бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А”, барои тайёр карда додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом дар якчанд ҳолат дар маҷмӯъ маблағи 3700 доллар гирифтааст.Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Ҳакимов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.Қаблан Оҷонсӣ хабар дода бур, ки Ҳакимов дар як ҳолати дигар барои гирифтани 206 ҳазору 150 сомонӣ муттаҳам мешавад.Ин ниҳод гуфт, корманди “Суғдзаминсоз” ин маблағро аз шаҳрванд Раупов Акрам Расулови даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин гирифтааст.
https://sputnik.tj/20210104/Bozdoshti-kormandi-Sudzaminsozbaroi-zaminfursh-besh-az-200-azor-somon-girift-1032575496.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1e/1032728306_0:701:2048:2237_1920x0_80_0_0_397fbae9b74a4f9bbc5b590e69d03bb2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оҷонсӣ, техник, заминсоз, “суғдзаминсоз”, боздошт
оҷонсӣ, техник, заминсоз, “суғдзаминсоз”, боздошт
Парвандаи дигари корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: 3700 доллар гирифтааст
12:22 02.08.2021 (Навсозишуда: 12:30 02.08.2021) Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон корманди “Суғдзаминсоз”-ро бо иттиҳоми заминфурӯшӣ боздошт кардааст
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” кор карда истода даст ба чунин кор задааст.
Номбурда бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А”, барои тайёр карда додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом дар якчанд ҳолат дар маҷмӯъ маблағи 3700 доллар гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Ҳакимов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.
Қаблан Оҷонсӣ хабар дода бур, ки Ҳакимов дар як ҳолати дигар барои гирифтани 206 ҳазору 150 сомонӣ муттаҳам мешавад.
Ин ниҳод гуфт, корманди “Суғдзаминсоз” ин маблағро аз шаҳрванд Раупов Акрам Расулови даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин гирифтааст.