Гармии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон ба 37 дараҷа мерасад

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Тирамоҳи гарм дар Тоҷикистон идома дорад. Гармои ҳаво дар кишвар то 37 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Талая вода капает с сосульки на леднике Лаохугоу в горах Цилянь, в провинции Ганьсу, Китай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Олим мегӯяд, гармшавии глобалӣ метавонад вирусҳои хатарнокро бедор кунад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо дамои ҳаво шабона ба 11-16 ва рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 12-14 ва рӯзона 32-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0