https://sputnik.tj/20210905/olim-garmshavi-virusho-hatarnok-bedor-1042063695.html
Олим мегӯяд, гармшавии глобалӣ метавонад вирусҳои хатарнокро бедор кунад
Олим мегӯяд, гармшавии глобалӣ метавонад вирусҳои хатарнокро бедор кунад
Sputnik Тоҷикистон
Виирусҳои гуногун ҳастанд, ки мо қаблан бо онҳо рӯбарӯ нашудаем, гуфт лауреати Нобел
2021-09-05T10:10+0500
2021-09-05T10:10+0500
2021-09-05T10:10+0500
пешгӯӣ
сибир
гармшавӣ
олимон
об шудани пиряхҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0d/1032265824_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_873f2d1d889fea1628aff7d90df2c660.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Гармшавии глобалӣ ва обшавии доимии ях метавонад боиси бедории вирусҳои ғайричашмдошт бо оқибатҳои пешгӯинашавандаи инсоният гардад, мегӯяд барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Ра Квон Чунг дар Форуми иқтисодии шарқӣ ба РИА Новости.Ба гуфтаи ӯ, бинобар обшавии ях дар ҷангалҳои Сибир, бемориҳои қадимӣ ва вирусҳои ин минтақа метавонанд дубора бедор шаванд. Вай даъват кард, ки ба хавфҳои марбут ба обшавии яхҳои абадӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад."Пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кадом вирусе, ки дар давраи пеш аз таърихӣ ё садҳо ҳазор сол пеш вуҷуд дошт, метавонад дубора пайдо шавад. Онҳо бармегарданд. <...> Бовар дорам, ки ҳама намудҳои вирусҳое ҳастанд, ки мо қаблан бо онҳо рӯбарӯ нашуда будем", - гуфт Рае Квон Чунг ва илова кард, ки инсоният бояд ба чунин мушкилот омода бошад ва ба онҳо зуд вокуниш нишон диҳад.Олимони рус таваҷҷӯҳро ба он ҷалб карданд, ки обшавии яхҳои абадӣ бар асари гармшавии иқлим метавонад боиси ба рӯ задани қисмҳои экосистемаҳои қадимӣ, аз ҷумла вирусҳо гардад. Масалан, муҳаққиқон аллакай гузориш додаанд, ки ангезандаи язваи сибирӣ дар боқимондаҳои мамонтҳо пайдо шудааст.
https://sputnik.tj/20210420/jahon-dar-kanori-varta-1038855789.html
сибир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0d/1032265824_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_cbfbcf03d2791cd92be68f27618e8cf7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, сибир, гармшавӣ, олимон, об шудани пиряхҳо
пешгӯӣ, сибир, гармшавӣ, олимон, об шудани пиряхҳо
Олим мегӯяд, гармшавии глобалӣ метавонад вирусҳои хатарнокро бедор кунад
Виирусҳои гуногун ҳастанд, ки мо қаблан бо онҳо рӯбарӯ нашудаем, гуфт лауреати Нобел
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Гармшавии глобалӣ ва обшавии доимии ях метавонад боиси бедории вирусҳои ғайричашмдошт бо оқибатҳои пешгӯинашавандаи инсоният гардад, мегӯяд барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Ра Квон Чунг дар Форуми иқтисодии шарқӣ ба РИА Новости.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар обшавии ях дар ҷангалҳои Сибир, бемориҳои қадимӣ ва вирусҳои ин минтақа метавонанд дубора бедор шаванд. Вай даъват кард, ки ба хавфҳои марбут ба обшавии яхҳои абадӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.
"Пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кадом вирусе, ки дар давраи пеш аз таърихӣ ё садҳо ҳазор сол пеш вуҷуд дошт, метавонад дубора пайдо шавад. Онҳо бармегарданд. <...> Бовар дорам, ки ҳама намудҳои вирусҳое ҳастанд, ки мо қаблан бо онҳо рӯбарӯ нашуда будем", - гуфт Рае Квон Чунг ва илова кард, ки инсоният бояд ба чунин мушкилот омода бошад ва ба онҳо зуд вокуниш нишон диҳад.
Олимони рус таваҷҷӯҳро ба он ҷалб карданд, ки обшавии яхҳои абадӣ бар асари гармшавии иқлим метавонад боиси ба рӯ задани қисмҳои экосистемаҳои қадимӣ, аз ҷумла вирусҳо гардад. Масалан, муҳаққиқон аллакай гузориш додаанд, ки ангезандаи язваи сибирӣ дар боқимондаҳои мамонтҳо пайдо шудааст.