https://sputnik.tj/20210921/hamdardi-rahmon-prezident-mardumi-aljazoir-1042403622.html
Ҳамдардии Раҳмон ба президент ва мардуми Алҷазоир
Ҳамдардии Раҳмон ба президент ва мардуми Алҷазоир
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳамдардии худ изҳор дошт, ки марҳум дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир саҳми намоён дошт
2021-09-21T15:34+0500
2021-09-21T15:34+0500
2021-09-21T17:31+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
алҷазоир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042291166_0:296:3114:2048_1920x0_80_0_0_2dc9fedeea0b15d05896292db3f83d2f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии кишвардори Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун барқияи ҳамдардӣ ирсол намудааст.Дафтари матбуотии роҳбари давлат менависад, ки ин барқия дар робита ба даргузашти собиқ кишвардори Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа фиристода шудааст.Дар барқияи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон омадааст, " хабари даргузашти ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир АбдулАзиз Бутафлиқа боиси ғояти андӯҳи мо гардид".Дар идома Раҳмон аз саҳми президенти марҳум дар рушди муносибат ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир ёдовар шуда, афзудааст, ки "саъйю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд".Манбаъ меафзояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Алҷазоир ҳамдардиву таъзияи самими баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хостааст.
https://sputnik.tj/20210729/musibat-anduhgin-lukashenko-rahmon-hamdardi-1041300189.html
алҷазоир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042291166_111:0:2842:2048_1920x0_80_0_0_d122c531196a7aa3c2f64d933df29351.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон ҳамдардӣ алҷазоир
эмомалӣ раҳмон ҳамдардӣ алҷазоир
Ҳамдардии Раҳмон ба президент ва мардуми Алҷазоир
15:34 21.09.2021 (Навсозишуда: 17:31 21.09.2021) Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳамдардии худ изҳор дошт, ки марҳум дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Алҷазоир саҳми намоён дошт
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии кишвардори Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун барқияи ҳамдардӣ ирсол намудааст.
Дафтари матбуотии роҳбари давлат менависад, ки ин барқия дар робита ба даргузашти собиқ кишвардори Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа фиристода шудааст.
Дар барқияи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон омадааст, " хабари даргузашти ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир АбдулАзиз Бутафлиқа боиси ғояти андӯҳи мо гардид".
Дар идома Раҳмон аз саҳми президенти марҳум дар рушди муносибат ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир ёдовар шуда, афзудааст, ки "саъйю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд".
Манбаъ меафзояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Алҷазоир ҳамдардиву таъзияи самими баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хостааст.