https://sputnik.tj/20210729/musibat-anduhgin-lukashenko-rahmon-hamdardi-1041300189.html
"Аз мусибати ба сари шумо омада, андӯҳгинам": Лукашенко ба Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кард
"Аз мусибати ба сари шумо омада, андӯҳгинам": Лукашенко ба Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Реҳлати инсони наздик ин фоҷеаи бузурге мебошад, ки дар қалби мо захмҳои ҳеҷ гоҳ шифонаёбандаро мегузорад, гуфт президенти Беларус ба раисҷумҳури Тоҷикистон
2021-07-29T21:10+0500
2021-07-29T21:10+0500
2021-07-29T21:11+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
беларус
александр лукашенко
ҳамдардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/10/1029281031_0:209:1365:977_1920x0_80_0_0_c1b18b9a2ba1aee8270453630d9e6e72.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо даргузашти хоҳараш Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори таслият кардааст.Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад, аз номи Лукашенко ба Раҳмон номаи изҳори тасаллӣ ворид гардидааст."Хабари ба сари Шумо омадани мусибати гарон – даргузашти хоҳари Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид", - омадааст дар номаи таслият.Лукашнеко реҳлати нафари наздикро барои ҳар як шахс фоҷеае унвон кардааст, ки "захми он дар қалбҳо ҳеҷ гоҳ шифо намеёбад".Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 20-уми июл рӯзи Иди Қурбон дар синни 64 – солагӣ даргузашт. Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова изҳори тасаллият кард. Сабабҳои марг зикр нашудаанд, аммо бар асоси гузоришҳо, иллати марг коронавирус мебошад.Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, собиқи раиси корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" мебошад, ки соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
https://sputnik.tj/20210728/hamdardi-oqohon-ba-emomali-rahmon-1041228547.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/10/1029281031_0:81:1365:1105_1920x0_80_0_0_7ddd9271f09a148725fd41d4e80e0925.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамдардӣ
"Аз мусибати ба сари шумо омада, андӯҳгинам": Лукашенко ба Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кард
21:10 29.07.2021 (Навсозишуда: 21:11 29.07.2021) Реҳлати инсони наздик ин фоҷеаи бузурге мебошад, ки дар қалби мо захмҳои ҳеҷ гоҳ шифонаёбандаро мегузорад, гуфт президенти Беларус ба раисҷумҳури Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо даргузашти хоҳараш Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори таслият кардааст.
Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад, аз номи Лукашенко ба Раҳмон номаи изҳори тасаллӣ ворид гардидааст.
"Хабари ба сари Шумо омадани мусибати гарон – даргузашти хоҳари Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид", - омадааст дар номаи таслият.
Лукашнеко реҳлати нафари наздикро барои ҳар як шахс фоҷеае унвон кардааст, ки "захми он дар қалбҳо ҳеҷ гоҳ шифо намеёбад".
"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар иртибот ба ин талафоти гарон ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии моро қабул фармоед", - афзудааст вай.
Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 20-уми июл рӯзи Иди Қурбон дар синни 64 – солагӣ даргузашт. Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова изҳори тасаллият кард. Сабабҳои марг зикр нашудаанд, аммо бар асоси гузоришҳо, иллати марг коронавирус мебошад.
Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, собиқи раиси корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" мебошад, ки соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.