Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки Путин кай ба Тоҷикистон меравад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан, 2012 год, архивное фото
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан, 2012 год, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Обуна шудан
Пас аз лағви сафари гузашта боздиди президенти Русия Владимир Путин аз Душанбе дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар рӯзномаи кор боқӣ мемонад, гуфтааст муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко дар ҳошияи маҳфили байналмилалии баҳсии "Валдай".
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ афзуд, ки аз аввал сафари Путин ба Душанбе ҳамчун як сафари пурраи давлатӣ ба нақша гирифта шуда буд.

"Медонед, ин сафар, мутаассифона, имконпазир набуд. Аммо мо умедворем, ки ин сафар сурат мегирад",-афзуд дипломат.

Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия қайд кард, ки сафари президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
"Рӯзи дароз бо бемори COVID-19 будам": Путин дар бораи лағви сафару санҷиши воксин - видео
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин мебоист дар нишастҳои сарони СҲШ ва СПАД аз 16 то 18 сентябр дар Душанбе ширкат мекард.
Аммо бо сабаби ошкор шудани коронавирус дар атрофиёни раисҷумҳур сарвари Федератсияи Русия ба худҷудоӣ рафт. Дар натиҷа Путин дар нишастҳои байналмилалӣ тавассути интернет ширкат варзид.
Лентаи хабарҳо
0