https://sputnik.tj/20210920/tolibon-zanon-afghoniston-kor-1042369719.html
"Толибон"*: Занони Афғонистон набояд дар курсии мардон кор кунанд
"Толибон"*: Занони Афғонистон набояд дар курсии мардон кор кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси тозаинтихоби шаҳри Кобул кор кардани занонро дар вазифаҳое, ки бештар ба мардон тааллуқ дорад, манъ намудааст
2021-09-20T12:15+0500
2021-09-20T12:15+0500
2021-09-20T12:56+0500
иҷтимоъ
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/12/1022631253_0:87:1651:1015_1920x0_80_0_0_6b486f14d2e7eb909a096b5a75aeea8e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Шаҳрдори пойтахти Афғонистон Мавлавӣ Ҳамдуллоҳи Номонӣ гуфт, заноне, ки дар низоми шаҳрӣ соҳиби курсӣ будаанд, бояд дар хонаҳои худ шинанд ва ҷойи онҳоро мардон ишғол кунанд. Навори муроҷиати ӯро шабакаи телевизионии "AL Arabiya" дар Twitter нашр намудааст.Мувофиқи маълумоти маъмурияти пойтахт, дар низоми шаҳрии Кобул 2,9 ҳазор нафар машғул ба кор мебошанд, ки 27 дарсади онҳоро занон ташкил медоданд.Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар дастгоҳҳои ноҳиявӣ ва марказӣ заноне кор мекунанд, ки онҳоро мардҳо иваз карда наметавонанд, ҳарчанд дар бахши сохтмон ва нерӯи барқ низ машғули кор мебошанд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 август ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* вориди Кобул ва ҳамакнун садди роҳи хониши духтарон ва ба кор машғул шудани занон шуданд."Толибон"* чанде пеш эълон кард, ки дари макотиб ба рӯи писарҳо боз асту духтарон ҳоло имкони идомаи таҳсилро надоранд.Рӯзи гузашта намояндагони ин ҳаракат изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик духтарон ҳам ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Вале дақиқан маълум нест, ки таҳсили онҳо аз кай оғоз мегардад.* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210919/tolibon-dukhtarho-makotib-barmegardand-1042357373.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/12/1022631253_91:0:1558:1100_1920x0_80_0_0_b7789df0a70c8a4453705002ae17e04a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон* афғонистон занон
толибон* афғонистон занон
"Толибон"*: Занони Афғонистон набояд дар курсии мардон кор кунанд
12:15 20.09.2021 (Навсозишуда: 12:56 20.09.2021) Раиси тозаинтихоби шаҳри Кобул кор кардани занон дар вазифаҳоеро, ки бештар ба мардон тааллуқ дорад, манъ намудааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Шаҳрдори пойтахти Афғонистон Мавлавӣ Ҳамдуллоҳи Номонӣ гуфт, заноне, ки дар низоми шаҳрӣ соҳиби курсӣ будаанд, бояд дар хонаҳои худ шинанд ва ҷойи онҳоро мардон ишғол кунанд.
Навори муроҷиати ӯро шабакаи телевизионии "AL Arabiya" дар Twitter нашр намудааст.
Мувофиқи маълумоти маъмурияти пойтахт, дар низоми шаҳрии Кобул 2,9 ҳазор нафар машғул ба кор мебошанд, ки 27 дарсади онҳоро занон ташкил медоданд.
"Мо ба он заноне иҷоза додем, ки онҳоро дар ҷои кор мардон иваз карда наметавонанд ва ё кори онҳо мардона нест",-изҳор доштааст Номонӣ.
Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар дастгоҳҳои ноҳиявӣ ва марказӣ заноне кор мекунанд, ки онҳоро мардҳо иваз карда наметавонанд, ҳарчанд дар бахши сохтмон ва нерӯи барқ низ машғули кор мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 август ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* вориди Кобул ва ҳамакнун садди роҳи хониши духтарон ва ба кор машғул шудани занон шуданд.
"Толибон"* чанде пеш эълон кард, ки дари макотиб ба рӯи писарҳо боз асту духтарон ҳоло имкони идомаи таҳсилро надоранд.
Рӯзи гузашта намояндагони ин ҳаракат изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик духтарон ҳам ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Вале дақиқан маълум нест, ки таҳсили онҳо аз кай оғоз мегардад.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия