https://sputnik.tj/20210920/rudenko-safar-mirziyoev-rusiya-1042374120.html
Руденко: Барои сафари Мирзиёев ба Русия ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ омода шудаанд
Руденко: Барои сафари Мирзиёев ба Русия ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ омода шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, сафари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ба Русия соли ҷорӣ сурат гирад
2021-09-20T15:05+0500
2021-09-20T15:05+0500
2021-09-20T15:18+0500
сиёсат
шавкат мирзиёев
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/02/1027170263_0:0:3285:1849_1920x0_80_0_0_72d510060ce4a0302e293f7463eb9e26.jpg
Барои сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Федератсияи Русия бастаи ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ омода шудааст. Дар робита ба ин сафар муовини вазири умури хориҷии Русия Андрей Руденко дар суҳбат бо Sputnik иттилоъ дод.Ба иттилои Руденко, соли 2020 гардиши мол миёни Русия ва Ӯзбекистон 5,9 миллиард долларро ташкил дод ва ин адад соли равон боз ҳам бештар афзоиш хоҳад ёфт.Муовини вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ба афзоиши гардиши мол шубҳа надоранд, зеро "лоиҳаҳо ва барномаҳои мавҷуд аз он шаҳодат медиҳанд, ки дурнамо дар ин робита хеле хуб аст".Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, сафари кишвардори Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ҳамоно дар рӯзномаи корӣ боқӣ мондааст ва дар ояндаи наздик бояд сурат гирад.Феълан раисҷумҳури Русия бинобар тамос доштан бо афроди гирифтори коронавирус дар инзивоъ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20210920/vazorat-putin-tojikiston-meravad-1042369221.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/02/1027170263_357:0:3086:2047_1920x0_80_0_0_1c5ce768667352b0775459ca785543e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шавкат мирзиёев русия сафар
шавкат мирзиёев русия сафар
Руденко: Барои сафари Мирзиёев ба Русия ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ омода шудаанд
15:05 20.09.2021 (Навсозишуда: 15:18 20.09.2021) Интизор меравад, соли ҷорӣ сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ба Русия сурат гирад
Барои сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Федератсияи Русия бастаи ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ омода шудааст. Дар робита ба ин сафар муовини вазири умури хориҷии Русия Андрей Руденко дар суҳбат бо Sputnik иттилоъ дод.
"Ба сафари давлатии президенти Ӯзбекистон, ки бояд имсол доир шавад, омодагӣ мебинем. Ба ин хотир бастаи ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла дар бахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳо омода гардидааст ва мо бар инем, ки сафари қарибулвуқуъ як марҳилаи воқеан таърихӣ мегардад".
Ба иттилои Руденко, соли 2020 гардиши мол миёни Русия ва Ӯзбекистон 5,9 миллиард долларро ташкил дод ва ин адад соли равон боз ҳам бештар афзоиш хоҳад ёфт.
Муовини вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ба афзоиши гардиши мол шубҳа надоранд, зеро "лоиҳаҳо ва барномаҳои мавҷуд аз он шаҳодат медиҳанд, ки дурнамо дар ин робита хеле хуб аст".
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, сафари кишвардори Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ҳамоно дар рӯзномаи корӣ боқӣ мондааст ва дар ояндаи наздик бояд сурат гирад.
Феълан раисҷумҳури Русия бинобар тамос доштан бо афроди гирифтори коронавирус дар инзивоъ қарор дорад.