https://sputnik.tj/20210920/messi-dast-murabbi-nafishurd-navor-1042371671.html
Месси дасти мураббияшро нафишурд - видео
Месси дасти мураббияшро нафишурд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо тахмин мезананд, ки ба Месси тасмими мураббии ӯ писанд наомаду ӯ намоишкорона дасташро нафишурд ва бо ин амалаш норизогии худро баён кард 20.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-20T13:51+0500
2021-09-20T13:51+0500
2021-09-20T15:52+0500
дар ҷаҳон
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
лионел месси
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1a/1031792892_0:111:3137:1875_1920x0_80_0_0_f3d39d755e8eebbdbe8db1135b6b1770.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Футболбози номӣ Лионел Месси пас аз он ки ӯро зимни бозӣ бо футболбози дигар иваз карданд, дасти мураббияшро намоишкорона нафишурд, хабар медиҳад "Eurosport".Ин ҳодиса аснои бозии даври шашуми Лигаи 1- и Фаронса бо Лион рух дод. Мураббӣ Маурисио Почеттино тасмим гирифт, ки дар дақиқаи 76-ум Мессиро иваз кунад ва ба ҷойи ӯ Ашраф Ҳакимӣ вориди майдон шуд.Зимнан "Eurosport" менависад, ки ба эҳтимоли зиёд тасмими мураббӣ ба Месси писанд наомад ва зимни берун баромадан аз майдон дасти Почеттиноро нафишурд.То замони иваз кардани Месси натиҷаи бозӣ мусовӣ буд ва сипас тими ПСЖ пас аз ба ҳадаф расондани як голи дигар бар ҳарифони худ дастболо шуданд.Мураббӣ дар шарҳи тасмимаш гуфт, ки дар тими ӯ бозингарони ҳирфаӣ зиёданд ва дар мавриди ҳайати асосӣ ва ҷойивазкунии футболбозон вай бояд тасмим гирад.Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси аввалин бозии худро дар ҳайати асосии "Барселона" соли 2004 анҷом дода буд.Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ширкат кард ва ҳафт ҷоми Испанияро ба даст овард.Илова бар ин ӯ чор бор қаҳрамони Лигаи қаҳрамонҳо шудааст.
https://sputnik.tj/20210811/ruzi-avvali-messi-dar-pszh-1041585306.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1a/1031792892_244:0:2891:1985_1920x0_80_0_0_1213d2d44c681a81c4c9ce441ffe0c93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон, лионел месси
дар ҷаҳон, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон, лионел месси
Месси дасти мураббияшро нафишурд - видео
13:51 20.09.2021 (Навсозишуда: 15:52 20.09.2021) Расонаҳо тахмин мезананд, ки ба Месси тасмими мураббии ӯ писанд наомаду ӯ намоишкорона дасташро нафишурд ва бо ин амалаш норизогии худро баён кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Футболбози номӣ Лионел Месси пас аз он ки ӯро зимни бозӣ бо футболбози дигар иваз карданд, дасти мураббияшро намоишкорона нафишурд, хабар медиҳад "Eurosport".
Ин ҳодиса аснои бозии даври шашуми Лигаи 1- и Фаронса бо Лион рух дод. Мураббӣ Маурисио Почеттино тасмим гирифт, ки дар дақиқаи 76-ум Мессиро иваз кунад ва ба ҷойи ӯ Ашраф Ҳакимӣ вориди майдон шуд.
Зимнан "Eurosport" менависад, ки ба эҳтимоли зиёд тасмими мураббӣ ба Месси писанд наомад ва зимни берун баромадан аз майдон дасти Почеттиноро нафишурд.
То замони иваз кардани Месси натиҷаи бозӣ мусовӣ буд ва сипас тими ПСЖ пас аз ба ҳадаф расондани як голи дигар бар ҳарифони худ дастболо шуданд.
Мураббӣ дар шарҳи тасмимаш гуфт, ки дар тими ӯ бозингарони ҳирфаӣ зиёданд ва дар мавриди ҳайати асосӣ ва ҷойивазкунии футболбозон вай бояд тасмим гирад.
Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси аввалин бозии худро дар ҳайати асосии "Барселона" соли 2004 анҷом дода буд.
Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ширкат кард ва ҳафт ҷоми Испанияро ба даст овард.
Илова бар ин ӯ чор бор қаҳрамони Лигаи қаҳрамонҳо шудааст.