Таҳти рақами 30: рӯзи аввали Месси дар "ПСЖ" - видео

Обуна шудан
Клуби футболи "Пари Сен-Жермен" навори пешвозгирӣ ва рӯзи аввали тамрини ситораи аргентинӣ Лионел Мессиро муаррифӣ кард.
Футболбоз фаъолияти худро дар "Барселона" -и Испания хотима дод ба Фаронса рафт ва бо бошгоҳи "ПСЖ" шартнома баст.
Аз навор дида мешавад, чӣ гуна бозигар ба Порис парвоз мекунад, аз муоинаи тиббӣ мегузарад ва сипас ба варзишгоҳ меравад. Ӯ чун пештара таҳти рақами 30 баромад мекунад.
Месси бо бошгоҳи "ПСЖ" -и Фаронса шартномаи "2 + 1" имзо мекунад
Дар ҳамаи ҷо ӯро ҳаводоронаш пешвоз мегиранд.
Ғайр аз ин, дар дафтари "ПСЖ" футболбозро роҳбарони клуб пешвоз гирифтанд ва Месси бо онҳо шартнома баст.
Ҳафтаи гузашта клуби испании "Барселона" эълон кард, ки бо Месси шартномаи нав имзо намекунад.
Боз бо ҳам: Вокуниши Неймар ба пайвастани Месси ба ПСЖ
Тибқи иттилои расонаҳо, созишномаи "ПСЖ" бо барандаи шашкаратаи "Тӯби тиллоӣ" барои ду сол бо имкони тамдид то моҳи июни соли 2024 шартнома бастааст.
Маоши бозигар дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд.
Футболбоз аввалин бозии худро дар ҳайати асосии "Барселона" соли 2004 анҷом дода буд.
Бошгоҳи қатарӣ ба Месси барои гузариш 1 миллиард евро пешниҳод кард
Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ва ҳафт Ҷоми Испанияро ба даст овард.
Илова бар ин, ӯ чор маротиба қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудааст.
Лентаи хабарҳо
0