https://sputnik.tj/20210920/maosh-ziyod-tavzeh-farmoni-raisijumhur-tojikiston-1042385580.html
Тавзеҳи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон: Маош 28 дарсад зиёд мешавад
Тавзеҳи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон: Маош 28 дарсад зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд кардани маоши кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои тобеи онро тавзеҳ додааст
2021-09-20T20:30+0500
2021-09-20T20:30+0500
2021-09-21T10:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
президент
зиёд шуд
фармон
маош
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/14/1042375026_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_1c164c2e59407c92f404b4437668e951.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоиз боло хоҳад рафт, тавзеҳ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, боло бурдани маош, дар асоси супоришҳои роҳбари давлат, ки зимни мулоқот бо олимони кишвар соли 2020 баён карда шуданд, амалӣ мегардад. Ҳадаф дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он арзёбӣ шудааст. Дафтари матбуот таъкид намудаст, ки ин иқдом саривақтӣ буда, идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаҳои илму маориф ва олимони кишвар мебошад.Бар асоси фармони раисҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябр имзо кард, андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд карда шавад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.
https://sputnik.tj/20210104/Ki-ziyd-va-ki-kam-maosh-megirad--okhirin-dodahoi-Agentii-omor-1032574803.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/14/1042375026_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_8d77b59ab6b70703ce3d398f2eae81ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маош, афзоиш, зиёд, фармон, президент, раҳмон
маош, афзоиш, зиёд, фармон, президент, раҳмон
Тавзеҳи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон: Маош 28 дарсад зиёд мешавад
20:30 20.09.2021 (Навсозишуда: 10:58 21.09.2021) Дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд кардани маоши кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои тобеи онро тавзеҳ додааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоиз боло хоҳад рафт, тавзеҳ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, боло бурдани маош, дар асоси супоришҳои роҳбари давлат, ки зимни мулоқот бо олимони кишвар соли 2020 баён карда шуданд, амалӣ мегардад. Ҳадаф дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он арзёбӣ шудааст.
Дафтари матбуот таъкид намудаст, ки ин иқдом саривақтӣ буда, идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаҳои илму маориф ва олимони кишвар мебошад.
Бар асоси фармони раисҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябр имзо кард, андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.