https://sputnik.tj/20210919/tojikiston-jonibdori-zanon-afghoniston-1042359154.html
Дар Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз занони Афғонистон садо баланд карданд
Дар Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз занони Афғонистон садо баланд карданд
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* саъй доранд, ҳама чизеро, ки занон дар Афғонистон давоми 20 сол ба даст оварданд, нест кунанд 19.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-19T13:30+0500
2021-09-19T13:30+0500
2021-09-19T13:30+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
афғонистон
толибон
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041898472_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8b40913d00553834c383c006e1a053d4.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҷангиёни ҳаркати радикалии "Толибон"* наметавонанд ба ҷанги Афғонистон хотима диҳанд. Онҳо бидуни таъмин кардани ҳуқуқҳои аҳолӣ наметавонанд ба тараққиёти устувори иҷтимоию иқтисодӣ даст ёбанд. Дар ин бора Ширин Исматуллозода, доктори илми филологӣ, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Агентии Ховар ибрози назар намудааст.Исматуллозода аз ҷумла ба мушкили занони Афғонистон таъкид намудааст. Ӯ қайд кард, ки ҷангиёни "Толибон"* пас аз омадан ба сари қудрат ва ташкил намудани ҳукумати муваққат боз ба маҳдуд кардани озодӣ ва ҳуқуқи занон шурӯъ намуданд.Ба таъкиди ӯ, "Толибон"* ҳамоно садди роҳи шуғли занон ва таҳсили духтарон шуданд.Ба боварии ин донишманди тоҷик, ҷангҷӯён ҳама чизеро, ки духтарони афғон дар тӯли 20 сол ба даст овардаанд, несту нобуд мекунанд. Ба гуфтаи вай, радикалҳо динро барои мақсадҳои худ истифода мебаранд. Бидуни иштироки занон ва намояндагони миллатҳои гуногун дар умури ҳукумат, "Толибон"* наметавонанд вазъи кунунии Афғонистонро ба эътидол оранд.Ширин Исматуллозода аз ҷангҷӯён даъват кард, ки дар ҷумҳурӣ ҳукумати фарогирро таъсис диҳанд. Вай афзуд, ки ҷалби занон ба сиёсат дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва кишварҳои дигар натиҷаҳои мусбат нишон дод.*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210919/tolibon-dukhtarho-makotib-barmegardand-1042357373.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041898472_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_08331eb9faa326b614a5d87f2fd5e2c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, афғонистон, толибон, занон
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, афғонистон, толибон, занон
Дар Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз занони Афғонистон садо баланд карданд
"Толибон"* саъй доранд, ҳама чизеро, ки занон дар Афғонистон давоми 20 сол ба даст оварданд, нест кунанд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҷангиёни ҳаркати радикалии "Толибон"* наметавонанд ба ҷанги Афғонистон хотима диҳанд. Онҳо бидуни таъмин кардани ҳуқуқҳои аҳолӣ наметавонанд ба тараққиёти устувори иҷтимоию иқтисодӣ даст ёбанд.
Дар ин бора Ширин Исматуллозода, доктори илми филологӣ, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Агентии Ховар ибрози назар намудааст.
Исматуллозода аз ҷумла ба мушкили занони Афғонистон таъкид намудааст. Ӯ қайд кард, ки ҷангиёни "Толибон"* пас аз омадан ба сари қудрат ва ташкил намудани ҳукумати муваққат боз ба маҳдуд кардани озодӣ ва ҳуқуқи занон шурӯъ намуданд.
Ба таъкиди ӯ, "Толибон"* ҳамоно садди роҳи шуғли занон ва таҳсили духтарон шуданд.
Ба боварии ин донишманди тоҷик, ҷангҷӯён ҳама чизеро, ки духтарони афғон дар тӯли 20 сол ба даст овардаанд, несту нобуд мекунанд.
"Муносибати бераҳмонаи "Толибон"* бо занон на танҳо ба қонунҳои байналмилалӣ, балки ба таълимоти исломӣ мухолиф аст, ҳарчанд онҳо чунин амалҳоро мувофиқи қонунҳои шариат мешуморанд", - таъкид намудааст Исматуллозода.
Ба гуфтаи вай, радикалҳо динро барои мақсадҳои худ истифода мебаранд.
Бидуни иштироки занон ва намояндагони миллатҳои гуногун дар умури ҳукумат, "Толибон"* наметавонанд вазъи кунунии Афғонистонро ба эътидол оранд.
Ширин Исматуллозода аз ҷангҷӯён даъват кард, ки дар ҷумҳурӣ ҳукумати фарогирро таъсис диҳанд.
Вай афзуд, ки ҷалби занон ба сиёсат дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва кишварҳои дигар натиҷаҳои мусбат нишон дод.
*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия