https://sputnik.tj/20210919/hukumat-tojikiston-istifoda-zarf-borjoma-plastiki-1042359851.html
Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикиро манъ мекунад
Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикиро манъ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, вуруди маводи пластикӣ ба кишвар марҳила ба марҳила коҳиш меёбад
2021-09-19T14:30+0500
2021-09-19T14:30+0500
2021-09-19T14:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
коркард
зарфҳои пластикӣ
партов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103071/84/1030718481_0:65:994:624_1920x0_80_0_0_45999d56348c6c879af83415bfddd980.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳор дошт, ки бештари партовҳоро дар ҷумҳурӣ зарфҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳанд. Баҳодур Шерализода иттилоъ дод, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии Ҳукумати мамлакат давра ба давра воридот, истеҳсолу истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикиро манъ мекунад. Ӯ санаи дақиқи маҳдудсозиро ном набурда, дар суҳбат бо рӯзномаи ҳукумати Тоҷикистон, "Ҷумҳурият", таъкид намудаст, ки бар асоси қатъномаи Маҷмаи умумии СММ тули даҳ соли оянда бояд 170 кишвари олам истифодаи маводи пластикиро маҳдуд созад.Ба гуфтаи Шерализода, аллакай бисёри кишварҳо аз истифодаи маводи пластикӣ даст кашидаанд, бархе онро манъ ё маҳдуд кардаанд ва кишварҳои дигар низ омодагияшонро барои чунин иқдом баён доштаанд. Раиси Кумита афзуд, ки Тоҷикистон низ ният дорад чунин тадбирҳоро давра ба давра роҳандозӣ кунад. Дар мавриди он, ки ба ҷойи борҷомаю зарфҳои пластикӣ чӣ истифода бурда мешавад, Шерализода изҳор доштааст, ки Тоҷикистон истеҳсолкунандаи пахта мебошад ва аз навъи пасттарини он метавон борҷомаву халтаҳои латтагӣ омода кард. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, феълан дар ҷумҳурӣ 73 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ бо масоҳати 300 гектар мавҷуд аст. Баҳодур Шерализода дар рушди саноат коркарди партов, аз зинаҳои аввали онро муҳим хондааст, ки ба гуфтаи ӯ сармояи зиёдро талаб мекунад.Ӯ афзудааст, ки барои татбиқи коркарди партов ҳанӯз дар марҳилаҳои аввал Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ бо бахши хусусиро тақвият медиҳад.
https://sputnik.tj/20210914/sughd-haqmuzd-tillo-safed-baland-1042253102.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103071/84/1030718481_0:0:994:746_1920x0_80_0_0_a3332629ed2c55eb89d6a89c55983538.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳодур шерализода, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист, барнма, манъ, пластик
баҳодур шерализода, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист, барнма, манъ, пластик
Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикиро манъ мекунад
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, вуруд ва истифодаи маводи пластикӣ ба кишвар марҳила ба марҳила маҳдуд ва манъ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳор дошт, ки бештари партовҳоро дар ҷумҳурӣ зарфҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳанд.
Баҳодур Шерализода иттилоъ дод, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии Ҳукумати мамлакат давра ба давра воридот, истеҳсолу истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикиро манъ мекунад.
Ӯ санаи дақиқи маҳдудсозиро ном набурда, дар суҳбат бо рӯзномаи ҳукумати Тоҷикистон, "Ҷумҳурият", таъкид намудаст, ки бар асоси қатъномаи Маҷмаи умумии СММ тули даҳ соли оянда бояд 170 кишвари олам истифодаи маводи пластикиро маҳдуд созад.
Ба гуфтаи Шерализода, аллакай бисёри кишварҳо аз истифодаи маводи пластикӣ даст кашидаанд, бархе онро манъ ё маҳдуд кардаанд ва кишварҳои дигар низ омодагияшонро барои чунин иқдом баён доштаанд.
Раиси Кумита афзуд, ки Тоҷикистон низ ният дорад чунин тадбирҳоро давра ба давра роҳандозӣ кунад. Дар мавриди он, ки ба ҷойи борҷомаю зарфҳои пластикӣ чӣ истифода бурда мешавад, Шерализода изҳор доштааст, ки Тоҷикистон истеҳсолкунандаи пахта мебошад ва аз навъи пасттарини он метавон борҷомаву халтаҳои латтагӣ омода кард.
"Барои фаҳмидани талаботи аҳолӣ ба чунин намуди маҳсулот пешакӣ дар марказҳои савдо таҷриба гузарондем ва маълум кардем, ки шаҳрвандон бештар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне борҷомаҳои халтагӣ ва коғазиро меписанданд", - илова намуд ӯ.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, феълан дар ҷумҳурӣ 73 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ бо масоҳати 300 гектар мавҷуд аст.
Баҳодур Шерализода дар рушди саноат коркарди партов, аз зинаҳои аввали онро муҳим хондааст, ки ба гуфтаи ӯ сармояи зиёдро талаб мекунад.Ӯ афзудааст, ки барои татбиқи коркарди партов ҳанӯз дар марҳилаҳои аввал Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ бо бахши хусусиро тақвият медиҳад.